«Аз манобеи таърихии бостонӣ бармеояд, ки қавмҳои ориёии қадим, ки аввал дар ҳудуди Мовароуннаҳр ва атрофи он ба сар мебурданд, қабл аз омаданашон ба сарзамини имрӯзии Эрон ҳам Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд. Як қисмате аз сарзамини онҳо, ки минтақаи бузурги кӯҳистонии Бадахшону Ҳиндукушро дар бар мегирифт ва сарзамини ниҳоят сард ба шумор мерафт, расидани фасли баҳор барояшон дар ниҳояти интизорӣ ба анҷом мерасид, бад-ин хотир буд, ки ин ҷашн дар мунтаҳои шукуҳу азамат таҷлил меёфт. Ва ҳамин амал то ба имрӯз дар ин минтақа азизу муҳтарам аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ, Наврӯз муъҷизае аз тамаддун ва фарҳанги мо аст, ин ҷашни бедории табиат, оғози баҳори зебои зиндагӣ мебошад, ки ниёгони мо аз замони Пешдодиён, Каёниён, Сосониён, Ҳайтолиён ва Сомониён онро пазируфтаанд. Аз ин рӯ, бештари сарчашмаҳои хаттии таърихӣ дар бораи Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, «Осор-ул- боқия» -и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ба назар мерасанд, ки дигар ҳама пажуҳишгарон ба онҳо такя менамоянд.
Масалан, пайдоиши Наврӯзро Ҳаким Фирдавсӣ ба шоҳи ориёиҳо Ҷамшед нисбат дода, чунин мегӯяд:
Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, гузашти сармо ва омадани баҳору бедории табит, балки оғози замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ мебошад.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ҷиҳати таҷлили Наврӯз чунин гуфтааст: «Ва дар ин рӯз расм аст, ки мардумон барои якдигар ҳадя мефиристанд..», «Ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат мекунанд ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро «рӯзи умед» ном ниҳодаанд». Воқеан ҳам ин рӯз рӯзи умеду орзуҳо, шукуфоии олам ва меҳрубонию бунёдкорӣ мебошад, ки бузургони мо онро ҳамчун муъҷизаи наврӯзӣ васф намудаанд.
Ҳаким Умари Хайём низ менависад, ки «Ва ҳар кас дар Наврӯз ҷашн кунад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад». Ин далели он аст, ки Наврӯз ҷашни шодӣ ва назму низоми наве дар ҳаёти мардум ва ояндаи неки зиндагонии инсоният мебошад.
Ҳатто маънии вожаи «Наврӯз» дар забони модарии мову шумо ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз латофату назокату бузургии лафзи тоҷикиро нишон медиҳад, ки таърихи зиёда аз панҷ ҳазор солро дар бар мегирад ва бо шеваҳои гуногун истиқбол меёбад.
Гузашта аз ин, олими шинохтаи тоҷик Акбар Турсун ибрози андеша дорад, ки «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: якезабони порсисту дигаре ҷашни Наврӯз». Воқеан ҳамин тавр низ ҳаст, ки ҳикмати деринаи гузаштагону имрӯзаи мо забону анъанаҳои суннатиро рози розҳо мехонад, зеро забони модарии мо дар ҳама давру замон асолати миллиро нигоҳ дошта тавонистааст. Аз ин рӯ, агар забон шамшери сиёсат бошад, пас Наврӯз фазилату фалсафаи пиндори нек, гуфтори нек, рафтори некро дорад, ки мардумро ба муттаҳидӣ ва зиндагии беолоишу ҳаёти нав ҷалб менамояд.
Имрӯз Наврӯз бо ҳидояту талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чанд давлати ҳамҷавори бо мо дӯст дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст, ки хайру баракат, озодии тафаккур ва бартарии ҳуқуқҳои инсонро дар ақсои олам баррасӣ намуда метавонад. Дар ин рӯз бояд кинаҳо аз қалбҳо зудуда гарданд ва мардум бо покию беҳдошти фардию хонаводагӣ таваҷҷуҳ намуда, гули сияҳгӯшу бойчечак ва таъоми пайковари ин ҷашн суманакро ҳамчун рамзи баҳори зиндагӣ ва ризқу рӯзии фаровони мардум шодбош гӯянд. Албатта, ин ҳама ҳикмати Наврӯз аст. Таҷлили ин ҷашни хуҷастапай барои миллати мо амри воқеӣ аст. Бояд таъкид намуд, ки истиқболи ҷашни Наврӯз ҳамеша дар зеҳну тафаккури наслҳои ҷавон ғурури ватанпарастию созандагӣ ва озодандеширо ҷой дода метавонад. Ин аст, ки дар арафаи Наврӯз ва сабзидани гулҳои баҳорӣ шуҷоату паҳлавононии хурду бузурги мо баланду боло шуда, Наврӯзи ватанро интизорӣ мекашанд.
Моҳияти асосии ҷашни Наврӯз пайванди инсон бо табиат ва сарҷамъии мардум, арҷгузорӣ ба рӯзи нав, соли нав, гармию рӯшноӣ мебошад, ки он нишони ба поён расидани сардиҳо ва омад-омади баҳори хуҷастапай мебошад. Яъне Наврӯз замони падруд ба зимистон ва оғози зиндагии нав мебошад. Маълум аст, ки панҷоҳ рӯз то оғози расидан ба Наврӯз мардумони мо ҷашни Садаро пешвоз мегиранд, ки онро саҳеҳан 50 шабу 50 рӯз ҳисоб намуда, ҳама омодагиҳои наврӯзиро аз ҳамон ҷо оғоз медиҳанд. Бузургии ҷашни Наврӯз дар он аст, ки ягон хусусияти динию мазҳабӣ надорад, ин ҷашни шодию сурур, паҳлавонию руҳи болида, оғози зинда гардидани табиат ва орзую омоли ҳаёти ширини инсон мебошанд.
Воқеан, ҷашни қадимаи Наврӯзи мо натанҳо расму оинҳои гузаштагонамонро таҷассум менамояд, балки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувиятсозӣ нақши босазо дорад. Беҳуда нест, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё намудани анъанаву суннат ва дигар арзишҳои миллӣ мақому мартабаи хосса гирифт. Махсусан, бунёди Наврӯзгоҳ дар пойтахти мамлакат, майдонҳои гуногуни ҷашнию варзишӣ ва бо ин ном номгузорӣ намудани онҳо густариш пайдо намуд. Хусусан бо ибтикору ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди як муъҷизаи меъморӣ- «Кохи Наврӯз» низ қомат афрохт, ки хеле аҷибу беназир аст. “Кохи Наврӯз” бо ин номи шефтаю зебо ва усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст, ки дорои моҳияти мантиқии сирф тоҷикӣ аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона ва фаввораҳои бошукуҳе дорад. Дар 11 толори маҷмаа мо бо ҳунарҳои зебову нотакрори тоҷикӣ шинос мегардем, ки тамоми ҳикмату салтанати давлатдории ниёгони моро фаро гирифтаанд.
«Кохи Наврӯз» мисли ҷашни Наврӯз бузургтарин ва зеботарин шоҳкорие аст, ки ҷаҳонро дар тааҷҷуб овардааст. Он бо санъати волои наҷҷорӣ, гаҷкориву ойнабандӣ, наққошӣ ва ҳунари ҳаккокии мардуми тоҷик бунёд ёфта, ҳама ҷашнҳои давлатии моро бо ин исми ҷаззобаш ҳусни тоза бахшидааст. Ин Кохи муҳташам- армуғони ҳамешагии наврӯзии мо зимни муаррифии лоиҳаи иқтидори сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2019 дар шаҳри Пекини Чин ҳамчун муъҷизаи муосир ба қатори «8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» пазируфта шуд, ки мояи ифтихори миллати куҳанбунёди мо ва мардумони ҳавзаи Наврӯз мебошад.
Давлатбек Қурбонов, номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ
