
Устод Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин чеҳраи мондагори миллати тоҷик аст. Нақши ӯ ҳамчун суханвари нотакрор, публитсисти оташинсухан, ходими сиёсию ҷамъиятӣ дар инкишофи адабиёти муосир ва шинохти шеъри оламгири ниёгон барои наслҳои имрӯз хеле беназир мебошад.
Дарвоқеъ, ашъори ҷонпарвару рӯҳнавоз ва кору пайкори Мирзо Турсунзода дар ситоишу васфи ватан, сулҳу оромии ҷомеа, ҳамраъйию дӯстии халқои ҷаҳон мактаби омӯзишу ибрат аст. Адиб мубалиғи дӯстӣ ва тарғибгари беҳтарин ҷамбаҳои ватандӯстона буда, дар назми муосири тоҷик марғубтарин шеъри ифтихори миллию меҳанпарастона, тасвири зебоиҳои табиат, таҷассуми симои модар ва мақому ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Мисраҳои зерин баёнгари ин гуфтаҳо аст ва дар он эҳтирому арҷгузории зан-модар хеле шоирона тасвир ёфтааст:
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
Ба назми баландпарвозу шеъри оламгир, каломи дилнишин ва сухани бикру дилошуби устод Мирзо Турсунзода чандин наслҳои замони муосир ба камол расидааст ва шоир дар радифи беҳтарин ва дӯстдоштатарин шоирони замони мост.
Дар ҳаққи ин алломайи айём ва шоири шуҳратёр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин андешаҳои олӣ нигоштааст: “Адабиёти қарни ХХ тоҷикро бе шеъри оламгир ва фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода тасаввур намудан маҳол аст”.
Зимнан бояд гуфт, ки кохи бегазанди ашъори Мирзо Турсунзода садсолаҳо боз метавонад дархӯри ормону ҳувияти миллии ҷомеа бошад ва дар қалби мардуми фарҳангпарвару адабдӯст абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Дар ин маврид Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ хеле ба ҷо гуфтааст:
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,
Шери Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!
Дар эҷодиёти адиб мавзӯъҳои масоили байналмилалӣ, ваҳдату ҳамдилии халқҳо, арҷгузорӣ ба ватану фардои босаодати он мақоми хосса дорад. Ин ҷиҳати шеърияти шоирро сафарҳои расмии кории ӯ ба хориҷи кишвар ва равобити адабию фарҳангӣ дар сарзамини паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷиллои нав бахшидааст:
Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям,
Ғурури кишвари ман, ифтихори ман, илоҷам чист.
Ватанро ёд кардам, ҳар замон дар хеш печидам,
Баромад оби чашми интизори ман, илоҷам чист.
Ёдрас шуд, ки асри бистум робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои гуногунро тавлиди нав бахшид ва осору ашъори шоирону нависандагони миллатҳои мухталиф дастраси ҳазорон ҳазор ҳаводорони каломи бадеъ гардид, ки дар ин ҷода хизматҳои ин нобиғаи сухан хеле чашмрас аст. Робитаҳои адабӣ дар замони муосир яке аз муҳимтарин роҳҳои омӯзиш, таъсиррасонӣ ва пайвастани адабиёту маданияти миллату халқият маҳсуб мешавад.
Устод Мирзо Турсунзода дар ин роҳи пуршараф давомдиҳандаи кору фаъолияти саромадони адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ҳастанд. Шоири тавоно ҳамчун мураббию ғамхори ҷавонон ва пуштибони адабиёту фарҳанг робитаҳои адабиро асоситарин ривоҷу равнақи адабиёти муосир меҳисобид. Шоир дар сафарҳои хориҷиаш ба манотиқи гуногуни дунё ба сифати мунодии сулҳу амният, тарғибгари ваҳдату дӯстӣ буданд ва дар ҳама ҳолат хешро бо Ватан, бо халқи шеърпарвару олиқадри Тоҷикистон ҳамнафасу ҳаммаром мепиндоштанд:
Агарчи борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо ватан будам, ҳамеша бо ватан масрур.
Маҳз, тавассути робитаҳои адабии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ риштаҳои дӯстиву бародарии намояндагони адабиёт, фарҳанг ва санъати миллатҳои гуногун заминаҳои боэътимод гузошта шуд. Дар натиҷаи баргузории ҳафтаҳои адабиёт ва санъат равобити шахсии нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ вусъати тоза касб менамояд. Ҳамин тавр ба василаи алоқаҳои адабӣ шоирону адибон аз эҷодиёти ҳамдигар ошноӣ пайдо менамоянд. Устод Мирзо Турсунзода бо бузургтарин шоирону адибони Шӯравӣ Николай Тихонов, Қайсан Қулиев, Расул Ғамзатов, Самад Вурғун, Михаил Шолохов, Чингиз Айтматов ва дигарон робитаи дӯстию ҳамкориро қавӣ гардонидааст.
Мирзо Турсунзода дар осори публитсистии худ робитаҳои шахсиашро бо Николай Тихонов ва дигар адибони Иттиҳоди Шӯравӣ чунин баён кардааст: “Шоири машҳури саветӣ Қайсан Қулиев ва Расул Ғамзатов, Иркалйи Абашидзе ва Самад Вурғун, Ғафур Ғулом, Гиорги Лионидзе ва бисёр дигарон бо тавассути Николай Тихонов роҳи эҷодии худро пайдо кардаанд”.
Дар шеър ва осори публитсистии адиб симои Николай Тихонов ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои русу тоҷик хеле муфассал тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, дар достони “Ҷони ширин” аз хотираҳо ва расми вафодорию инсондӯстии ин шахсияти бузург ёдоварӣ кардааст:
Он ки бо ёрони худ масрур буд,
Дӯсти ман, шоири машҳур буд.
Тихонов бо мӯйҳои саб-сафед,
Кард табдил суҳбати моро ба ид.
Дӯстиро ман аз ӯ омӯхтам,
Кишвари дилро аз ӯ афрӯхтам.
Метавонад ӯ бо дарди дигарон,
Ёр гардад, чун рафиқи ҳамзабон.
Мирзо Турсунзода ривоҷи минбаъдаи равобити шахсӣ ва таъсирбардориро зарур ва муҳим донистааст ва ҷавонони эҷодкорро ба ин роҳ ташвиқу раҳнамоӣ мекарданд. Маҳз, ҳамин адибон дар Даҳаю ҳафтаҳои адабиёт ва санъат дар Москва ва дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ ширкати фаъолона мекарданд ва робитаҳои адабиро боз ҳам густариш медоданд.
Саҳми устод Мирзо Турсунзода дар тарбияи адибону суханварони ҷавону муваффақ назаррас мебошад. Бо ташаббусу ҳидоятҳои ӯ солҳои чилуму панҷоҳуми қарни гузашта як гурӯҳ адибон ва шахсиятҳои боистеъдод ба монанди Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулчеҳра Сулаймонова аз шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ва водию навоҳии кишварамон ба шаҳри Душанбе даъват гардиданд. Зикр кард, ки тавассути ин адибон гулбоғи адабии адабиёти муосири тоҷик рангу бӯйи тоза илқо менамояд.
Устод Мирзо Турсунзода аз суханварони ҷавону ояндадор умеду сарсабзиҳои зиёд дошт ва онҳоро пайваставу мудом дар шоҳроҳи адабиёт ва таълифу эҷод дуову фотиҳаи нек медоданд. Шеъри “Ошиёни баланд”-и шоир ба ин гуна адибони ҷавон эҳдо шудааст:
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафою аҳди бепоён гузор.
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағи ҷон гузор.
Дар ҳақиқат, ашъори ҷовидонаи ин нобиғаи сухан, ки инъикоскунандаи қадру қимати инсон, саршори ҷамбаҳои ватандӯстӣ ва ифодакунандаи дӯстиву рафоқат ва пайванди равобитаҳои адабию фарҳангии кишварҳои гуногун аст, дар ҷаҳонбинӣ, олами зебои ҷавонони саодатманд ва афроди соҳибтамаддуну шеърдӯстдор нақши муассир дорад.
Собирзода Лоиқ Сафархон,
ҷонишини таълими факултети филологияи тоҷик
