Саидамирзода Баходур Шовали
26 марти соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Таҳсилот
-Соли 1999 – Донишгоҳи Санкт-Петербурги ВКД Россияро аз рӯи ихтисоси “ҳуқуқшинос” бо дипломи аъло хатм кардааст.
- -Соли 2002 – аспирантураи Донишгоҳи Санкт-Петербурги ВКД Россия дар самти «ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология». Соли 2002 барои дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
- соли 2022 – Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатӣ (РАНХиГС)-ро бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси “Идоракунии муосири давлатӣ” хатм кардааст.
Таҷрибаи корӣ
- -Солҳои 2003 – 2005 – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
- -Солҳои 2005 – 2008 докторанти Донишгоҳи Санкт-Петербурги ВКД Россия дар самти “ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология”.
- -Солҳои 2008 – 2015 мушовири Котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё.
- -Солҳои 2015 – 2018 – мушовири Дабири кулли Шурои АБП ИДМ.
- -Солҳои 2018 – 2024 директори Маркази тадқиқоти Авруосиё ва ҳамкории байнипарлумонии Донишкадаи шимолу ғарбии идоракунӣ (РАНХиГС).
- -Солҳои 2024 – 2025 ҷонишини сардор ва баъдан сардори Раёсати байналмиллалии РАНХиГС (Москва).
- -Аз феврал то августи соли 2025 намояндаи Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар ш. Москва
- -Аз августи 2025 – то октябри 2026 Проректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон.
- -Аз 1 октябри соли 2026 бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардидааст.
Дастовардҳои касбӣ
- -Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз шудааст.
- -Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.
- -Бо грамотаи Фахрии Ассамблеяи байнипарламентии ЕврАзЭС мукофотонида шуда аст
- -Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
