Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди неругоҳҳои барқи обӣ ва ташаккули иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон яке аз самтҳои стратегӣ ва дарозмуддати сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин самт на танҳо ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар равона шудааст, балки ҳамзамон ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист робитаи мустақим дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ имконияти васеъ барои рушди энергетикаи гидроэлектрикӣ дорад ва маҳз бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат ин имкониятҳо тадриҷан ба воқеият табдил ёфта истодаанд. Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии энергетикӣ рӯ ба рӯ буд. Норасоии барқ, маҳдудиятҳои мавсимӣ ва вобастагӣ аз манбаъҳои беруна ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасониданд. Дар чунин шароит Пешвои миллат самти рушди энергетикаи обиро ҳамчун роҳи асосии раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва таъмин намудани рушди устувор муайян намуданд. Ин интихоб на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати экологӣ низ дуруст ва ояндабинӣ ҳисобида мешавад, зеро гидроэнергетика манбаи тоза ва барқароршавандаи энергия мебошад. Самтҳои муҳими сиёсати энергетикии кишвар бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Дар ин замина як қатор лоиҳаҳои бузург амалӣ гардиданд. Неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” бо иштироки сармоягузории муштарак сохта шуда, дар таъмини шабакаи энергетикии кишвар нақши муҳим доранд. Ин иншоотҳо на танҳо истеҳсоли неруи барқро афзоиш доданд, балки таҷрибаи ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи энергетика тақвият бахшиданд.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. Ин иншоот ҳамчун рамзи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Бо ташаббуси Пешвои миллат корҳои сохтмонии он аз нав фаъол гардиданд ва имрӯз ин неругоҳ марҳила ба марҳила ба истифода дода шуда истодааст. Иқтидори бузурги “Роғун” имкон медиҳад, ки на танҳо эҳтиёҷоти дохилии кишвар пурра таъмин гардад, балки дар оянда Тоҷикистон ба содиркунандаи неруи барқ табдил ёбад. Ин раванд аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, ба афзоиши даромади миллӣ мусоидат мекунад. Дар баробари сохтмони неругоҳҳои нав, таҷдиди иншооти мавҷуда низ мавқеи муҳим дорад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ва дигар иншоотҳои энергетикӣ бо технологияи муосир навсозӣ гардида, самаранокии онҳо баланд бардошта шудааст. Ин амалҳо ба беҳтар шудани таъминоти барқ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат намудаанд.
Сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи энергетика танҳо ба сохтмони иншоотҳо маҳдуд намешавад, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист низ нигаронида шудааст. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз ташаббускорони масъалаҳои об ва иқлим шинохта шудааст. Пешниҳоди қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” нишон медиҳад, ки масъалаи об барои Тоҷикистон танҳо як захираи иқтисодӣ нест, балки омили муҳими амнияти экологӣ ва рушди ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина рушди неругоҳҳои барқи обӣ ҳамчун ҷузъи асосии иқтисоди “сабз” баррасӣ мешавад. Иқтисоди “сабз” маънои рушди иқтисодиест, ки ба ҳифзи муҳити зист, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва истифодаи технологияҳои тоза асос ёфтааст. Гидроэнергетика, ки манбаи асосии барқи Тоҷикистон мебошад, комилан ба ин принсипҳо ҷавобгӯ аст. Аз ин рӯ, рушди ин соҳа на танҳо ба иқтисоди миллӣ, балки ба муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. Бо афзоиши истеҳсоли неруи барқи тоза, имкониятҳои нави рушди саноат ва соҳибкорӣ дар кишвар фароҳам омадаанд. Корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, металлургия ва саноати сабук, аз дастрасии бештар ба неруи барқ баҳра мебаранд. Ин омил ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, коҳиши вобастагӣ аз сӯзишвории воридотӣ ба устувории иқтисоди миллӣ таъсири мусбат мерасонад.
Паҳлӯҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат ин аст, ки рушди энергетика бо ҳифзи табиат ҳамоҳанг карда мешавад. Дар раванди бунёди неругоҳҳои барқи обӣ меъёрҳои экологӣ ба назар гирифта шуда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки таъсири манфӣ ба муҳити зист кам карда шавад. Ин равиш нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ ва ҳифзи табиат метавонанд дар як самт пеш раванд.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои об ва иқлим эътироф гардидааст. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд. Ин ташаббусҳо на танҳо манфиатҳои миллӣ доранд, балки ба ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди неругоҳҳои барқи обӣ ва иқтисоди “сабз” ба ташаккули модели нави рушди устувор дар Тоҷикистон асос гузоштааст. Ин модел бар пояи истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди миллӣ бунёд ёфтааст. Дар натиҷа Тоҷикистон тадриҷан ба як кишвари дорои истиқлолияти энергетикӣ ва иқтисоди устувор табдил ёфта истодааст. Саҳми Пешвои миллат дар ин самт на танҳо аҳамияти миллӣ дорад, балки дорои арзиши ҷаҳонӣ низ мебошад. Рушди неругоҳҳои барқи обӣ, истифодаи энергияи тоза ва пешбурди сиёсати иқтисоди “сабз” Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи устувор, экологӣ тоза ва иқтисоди муосир раҳнамоӣ мекунад.
Дустзода Мустафо,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
