Имрӯз дар таърихи давлатдории навини миллатамон саҳифаи наву пуршарафе боз хоҳад гашт. Бозгардонидани муште аз хоки фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба сарзамини аҷдоди тоҷикон руйдоди басо муҳиму таърихӣ буда, эҳтироми амиқи милатро нисбат ба қаҳрамонони гузаштагони худ бозгӯ мекунад. Ин иқдоми арзишманд натанҳо як амали сиёсиву таърихӣ, балки нишонаи садоқат ба хотираи фарзандони содиқи Ватан ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори онҳо дар роҳи ташаккули давлатдории Тоҷикон мебошад. Онҳое, ки барои ҳастии миллат, барои таъсии давлати тоҷикон ва ҳифзи манфиатҳои мардум талош варзидаан қурбони беадолатиҳои соли 1937-и замони Шуравӣ гаштаанд. Дар ин солҳо бо туҳматҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” маҳкум ва дур аз ватан ба қатл расонида шуданд. Бо вуҷуди ин, номи онҳо аз саҳифаҳои таърих ҳаргиз пок нагардид ва имрӯз миллати тоҷик онҳоро ҳамчун қаҳрамонони ҳақиқии давлатдорӣ ва худшиносӣ ёд мекунанд.
Ин рӯйдоди таърихӣ нишонаи эҳтироми амиқи давлат ва миллат нисбат ба шахмиятҳое аст, ки барои ташаккули давлатдори тоҷикон, рушди фарҳанг ва ҳифзи мафиатҳои мардум саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ҳақиқат, ин фарзандони фарзонаи миллат дар солҳои душвори таърихӣ баҳри пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ талош намуда, бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии замони худ ба халқу Ватан содиқ монданд. Саҳми Эмомалиӣ Раҳмон дар эҳёи номи неки чунин шахсиятҳо ва бозгардонидани мушти хоки онҳо ба Ватан хеле бузург мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки таърихи худро намешиносад ва фарзандони содиқи худро қадр намекунад, наметавонад ояндаи устувор бунёд намояд. Аз ҳамин лиҳоз, дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо иқдомҳо муҳими фарҳангиву таърихӣ амалӣ гардидаанд, ки ба эҳёи худшиноси миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат намуданд. Бозгардонидани мушти хоки ин фарзанзони фарзонаи миллат ба Тоҷикистон танҳо як амали рамзӣ набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ин иқдом барои ҷавонон дарси бузурги ватандӯсӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Нақши Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихии миллат бениҳоят бузург аст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат номи бисёр шахсиятҳои таърихӣ дубора зинда гардид. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буданд, ки барои таъсиси давлатдории тоҷикон дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне зиндаги мекарданд, ки ҳастии миллати тоҷик зери хатар қарор дошт. Дар оғози асри xx масъалаи тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ дар Оиёи Марказӣ сарнавишти халҳоро муаян мекард. Дар ҳамин шароит ин фарзандони миллат барои исботи ҳаққи тоҷикон ба давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мубориза бурданд. Онҳо медонистан, ки агар тоҷикон соҳиби давлат нашаванд, хатари аз байн рафтани миллат ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикӣ вуҷуд дорад.
Маҳз талошҳои ҳамин фарзандони баруманд буд, ки бо амалу пайкори хеш тавонистанд заминаи устувори ташкили давлати миллии тоҷиконро гузоранд.
Аз рӯзҳои нахуст ҳадафи ин ду абармарди миллат Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки пеш аз ҳама ташкили давлати тоҷикон дар ҳудудҳои аҷдодӣ буд. Нахуст ин ду чеҳраи мондагори миллат дар ташаккул ва таҳкими низоми нави шуравӣ дар Тоҷикистон саҳм гузошта, баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши боризе доштанд. Бо талоши ҳамин қаҳрамонони сарсупурдаи Ватан аркони давлатӣ ба вуҷуд омада, заминаи тағирёбии вазъи ҳуқуқии Тоҷикистон, яъне аз ҳолати мухтор ба соҳибихтиёрӣ дар ҳайати шуравӣ гузошта шуд. Заҳмату талоши онҳо буд, ки 16-уми октиябри соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Ин мардони муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу милаташонро ҳимоя мекарданд. Онҳо бо вуҷуди мушкилотҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ тавонист барои ташаккули сохторҳои давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд.
Хулоса ин ҳама арҷгузориҳо ва ба таври шоиста соҳибӣ намудану ифтихорот аз корномаи фарзандони фарзонаи миллат самараи давлати озоду соҳибистиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз Пешвои миллат дар шароити истиқлоли давлатӣ бори нахуст дар шахсияти қаҳрамонҳои ҷонфидои миллатамон ба мисли Нусратуло Махсум, Шириншо Шотемур ва ҳамсафони онҳо, фарзандони фидоӣ муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро дида қадршиносӣ намуданд. Месазад, ки мо ҳамагӣ қишрҳои ҷомеа нисбат ба ин арзишҳо қадршиносу ҳимоятгар бошем. Ёди неки фарзандони ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад абадан ҷовиду гиромӣ бод.
Садбарги Исо
номзади илмҳои таърих,
омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
