«…Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад…».
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ баҳорест баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад.
Дар таърихи тамаддуни башар сулҳ ҳамеша ҳамчун волотарин арзиши сиёсӣ, маънавӣ ва башарӣ эътироф гардидааст. Ҳеҷ ҷомеа ва давлат бидуни сулҳу субот ба рушди устувор ва шукуфоии ҳамаҷониба ноил нагардидааст. Имрӯз таҳкими сулҳи пойдор ба яке аз масъалаҳои калидии амнияти глобалӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бо дарки амиқи ин ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 сентябри соли 2024 дар ҳошияи «Ҳамоиши Оянда»-и СМ дар Ню-Йорк пешниҳоди таърихиро оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СМ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» манзур намуданд.
25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии СМ бо ҷонибдории васеи давлатҳои аъзо ҳамин қатъномаро қабул кард. Ин санади байналмилалӣ аз эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба нақши созандаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ шаҳодат медиҳад.
Арзиши ин ташабус дар он аст, ки дар шароити шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва афзоиши таҳдидҳо, ҷаҳони имрӯза ба парадигмаи нави «сулҳ ва ҳамзистии осоишта» ниёз дорад. Дар меҳвари ин парадигма дипломатияи пешгирикунанда, муколама, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳамкории созанда қарор дорад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ, сулҳ шарти асосии рушд аст. Сармоягузорӣ, инфрасохтор, тиҷорат ва навоварӣ танҳо дар фазои сулҳу субот рушд мекунанд. Аз дидгоҳи иҷтимоӣ-фарҳангӣ бошад, ин ташабус ба таҳкими таҳаммулгароӣ, муколамаи тамаддунҳо ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи инсонгароӣ мусоидат мекунад.
Сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон решаҳои амиқи таърихиву фарҳангӣ дорад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Мадинаи фозила»-и Форобӣ ва мероси дигар бузургони миллат сулҳ ҳамчун асоси ҳаёти шоиста ситоиш шудааст.
Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли ҳамаи баҳсу низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад». Ин мавқеъ дар моддаи 11-уми Конститутсия низ таҷассум ёфтааст, ки тибқи он «ташвиқоти ҷанг манъ аст».
Ҳамин тариқ, қабули «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ (2027–2036)» на танҳо пирӯзии дипломатияи Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини ояндаи дурахшон барои наслҳои башарият мебошад.
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва масъул дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ нақши муассир мебозад.
Ҷ. Мадвалиев,
номзади илмҳои сиёсӣ, декани факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
