Дар сарсухани китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Уфуқҳои истиқлол» омадааст: «…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон» -ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст». Дар партави гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки давлати ҷавони мо имрӯз дар остонаи 35 – солагӣ қарор дорад. Дар тули ин 35 сол Ватани азизи мо — Тоҷикистон, бо қадамҳои устувор роҳи бузурги созандагӣ ва пешрафтро тай намуда, аз сарзамини орзуҳо ба диёри имкониятҳо табдил ёфт. Ин роҳи пурифтихор бо роҳбарӣ ва саҳми бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай гардида, ба таҳкими сулҳу ваҳдат, ободии кишвар ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузошт. Дар ин нигошта мо тасмим гирифтем, ки ин роҳи пуштисарнамударо ба таври мухтасар бозгӯ намоем.
Истиқлол барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сарчашмаи ҳастии давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ саҳифаи тозаеро дар таърихи давлатдорӣ боз намуд. Истиқлол ба мардуми тоҷик имконият дод, ки бо такя ба таъриху фарҳанги бою қадима, забон, анъана ва арзишҳои миллӣ роҳи созандагии хешро мустақилона идома диҳад. Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ эҳсоси худшиносии миллӣ тақвият ёфта, арҷгузорӣ ба Ватан, давлат ва мероси пурғановати ниёгон ҷойгоҳи бештар пайдо кард. 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки таҷассуми роҳи пуршарафи давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва қадамҳои устувор ба сӯи фардои обод мебошад. Ин ҷашни фархунда моро водор месозад, ки ба се даҳсолаи пур аз рӯйдодҳои муҳим назар афканда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро бо эҳсоси ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намоем.
Марҳилаҳои аввали давлатсозӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба буҳрони сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор гардид. Масири ин пайроҳаи таърихӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва пурпечутоб оғоз гардид, зеро ин буҳронҳоба он оварда росониданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Замоне ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нофаҳмивубеадолатӣ ва ҷанги бародаркуш шуруъ шуд, дар ҷомеа навмедӣ ба ояндаи давлат пайдо гашт. Барои аз нав муттаҳид намудани давлати тозаистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро хатари парокандагӣ ва азбайнравӣ таҳдид мекард, зарурат ба шаҳрвандони содиқ ва сарвари сиëсие ба миëн омад, ки тавонад дар атрофи худ мардумро муттаҳид намуда, ҷомеаро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиëсию иқтисодӣ раҳоӣ бахшад. Соли 1992 бо баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб гаштани Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов саҳифаи нави таърихи давлатсозии миллати тоҷик шуруъ гашт. Агар дар он туфоне, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ. Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Мусаллам аст, кифақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва Пешвои миллии мардуми мо эътироф гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кофӣ буд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург. Ҳамагон дар ёд доранд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони Иҷлосияи таърихии XVIШурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набуда, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик буд, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо ва корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд. Ҳамин тавр, маҳз барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштию ҳамзистӣ, балки ҳамчун як дастоварди бузургу зарурӣ, яъне масъалаи наҷоти миллӣ буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат сулҳу суботи комил таъмин гардида,ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси пешрафти давлат таҳким ёфт. Маҳз сулҳу оромӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
35 соли созандагӣ ва ободкорӣ. Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутобу душвори созандагиву ободкориро тай намуда, симои худро ба таври назаррас дигаргун сохт. Бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари кишвар корҳои бузурги бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, шаҳрҳо ва деҳот ободу зебо шуданд. Роҳҳои нав, иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ қомат афрохтанд.
Ин роҳи 35-сола танҳо сохтмони биноҳо ва роҳҳо набуда, балки роҳи эҳёи умед, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди заминаҳои зиндагии шоиста барои мардум аст. Ҳар як иншооти нав, ҳар як роҳи бунёдшуда ва ҳар як гӯшаи ободшуда гӯё як саҳифа аз таърихи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бозгу мекунад. Аз таҷрибаи давлатҳои рушдкарда бармеояд, ки онҳо дар доираи барномаҳои дарозмуҳлати давлатӣ ҳадафҳо гузоштаанд ва маҳзамалишавии онҳо сабаби асосии тараққӣ кардани давлатҳо шудааст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд.
Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16 декабри соли 2025) натиҷаи амалишавии ду марҳилаи санади муҳим – Стратегияи миллии рушдро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд». Аз ҷумла, дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карда истодаанд.
Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида ба истифода дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ–саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 –2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.
Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгуйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгуй расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.
Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.Ин нишондиҳандаҳо натиҷаи амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва бозгуи равшани пешравии устувори Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад. Имрӯз натиҷаи ин талошҳо дар ҳар гӯшаи кишвар ба назар мерасад.Тоҷикистон қадам ба қадам симои муосир касб намуда, бо такя ба неруи созандаи миллат роҳи пешрафтро идома медиҳад. Ин ҳама бозгуи он аст, ки 35 соли Истиқлолият — 35 соли бунёд, ободӣ ва қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон мебошад.
Истиқлол ва рушди илму маориф, фарҳанг. Маориф яке аз соҳаҳои асосии рушди ҷамъият ба ҳисоб меравад, ки тақдири рушди ояндаи кишвар ба он зич вобаста аст. Ин аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зимни таҳлилу баррасии бахши иҷтимоӣ ба масъалаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина Президенти кишвар махсусан таъкид намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Дар воқеъ рушду нумуи
рӯзафзуни ин соҳаро таҳлил намуда, қайд намудан зарур аст, ки аллакай дар саросари кишвар низоми ягонаи таҳсил ба роҳ монда шуда, сатҳу сифати таълим дар кишвар ба сатҳи байналмилалӣ баробар карда шудааст. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 4056 расидааст. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣбарои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба рушди маориф шаҳодат медиҳанд. Дигар нишондиҳандаи асосии таваҷҷуҳи давлат ба ин соҳа афзоиши пайвастаи маблағгузории маориф мебошад. Ҳаҷми маблағгузориҳои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 қариб 2,7 баробар ва нисбат ба соли 2001 224 баробар зиёд мебошад.
Яке аз рӯйдоди таърихӣ ва муҳими дигари соҳаи маорифи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омузгор», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳим мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии омузгорро дар ҷомеа мустаҳкам намуда, рисолати бузург ва масъулияти ӯро дар тарбияи насли созанда ва рушди фарҳангу маърифати миллӣ боз ҳам барҷаста месозад.Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо
рӯ ба арзишҳо ва асолати миллии хеш оварда, барои ҳифз, рушд ва эҳёи фарҳанги таърихи ғании худ, анъанаҳои мардумӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва айни ҳол тамоюли эҳё, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва фарҳанги гузашта хело боло рафта истодааст. Ҳукумати кишвар махсусан Сарвари давлат нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллӣ диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намудаанд. Қабули қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ», «Эълон намудани иди Наврӯз»ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, қайд намудани «Рӯзи фалак», «Иди Меҳргон», «Шашмақом», «Ҷашни Тиргон», «Ҷашни Сада» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост. Дар замони соҳибистиқолии Тоҷикистон раванди эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ бо ҷиддият сурат гирифтанд. Ин эҳёгарӣ на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи хоса пайдо намуд.
Чоп ва паҳн гардидани осори бузургони миллат, ба монанди асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ҳамосаи миллии мо, шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба равшан гардидани решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик мусоидат намуданд.
Озмунҳои ҷумҳурии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ нақши муассир мегузоранд.
Истиқлолият барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва шарафи миллӣ мебошад. Барои мардуми тоҷик соҳибистиқлолӣ дастоварди бузурги таърихӣ буда, имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Аз ин рӯ, қадр кардани истиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
Бояд қайд намуд, ки нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолият ва таъмини ояндаи дурахшони давлату миллат махсусан муҳим аст. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басе муассир бозиданд. Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд. Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд». Танҳо ҷавонони донишманду соҳибмаърифат метавонанд бо истифода аз илму технология, омузиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар барои рушди ҷомеасаҳми арзанда гузоранд. Онҳо бояд сулҳу ваҳдатро қадр намуда, аз таъриху фарҳанги миллӣ сабақ гиранд ва ба ояндаи кишвар бо масъулият назар кунанд.
Ҳифзи истиқлол ҳамчунин маънои ҳифзи сулҳу ваҳдат, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллиро дорад. Агар ҳар як шаҳрванд вазифаи худро софдилона иҷро кунаду манфиати Ватанро аз манфиати шахсӣ болотар гузорад, истиқлолияти мо боз ҳам устувор мегардад. Пас, истиқлол неъмати бебаҳо ва ҳамзамон масъулияти бузург аст. Ояндаи Тоҷикистон аз ҳисси ватандӯстӣ, дониш, меҳнат ва масъулиятшиносии ҳар яки мо вобаста мебошад. Ҳифзи истиқлол — ҳифзи шарафу ҳастии миллат ва ободии Ватан аст.
Ҳамдамзода Хурсанд Акбар,
доктори илмҳои иқтисодӣ,муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба оми Носири Хусрав
