Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ барои ҳар миллат ва давлат ба шумор меравад. Соҳибистиқлолӣ таҳкимбахши арзишҳои миллӣ, фарҳанги инсонӣ, забон ва анъанаҳои таърихӣ буда, ба миллат имкон медиҳад, ки роҳи мустақили рушди давлат ва ҷомеаро интихоб намояд.
Ҳамин тавр, барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 саннаи тақдирсоз гардид, чунки дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ ноил мегардад. Ин рӯйдоди таърихӣ давраи нави давлатдориро барои мардуми куҳанбунёд кушодааст. Дар давоми 35 соли истиқлол кишвар роҳи пурпечутоби ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд.
Истиқлоли давлатӣ барои ҷумҳурӣ имконият фароҳам овард, ки ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян намояд. Дар ин давра низоми нави давлатдорӣ ташаккул ёфта, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад, ниҳодҳои давлатӣ таҳким ва муносибатҳои байналмилалӣ рушд меёбанд, ки аз муҳимтарин дастовардҳои давраи истиқлол ба шумор мераванд.
Дигар рӯйдоди муҳим ин расидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо кӯшишҳои Пешвои миллат, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда мешавад. Ваҳдати миллӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон имконият дод, ки ба масъалаҳои созандагӣ, рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
Дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодӣ, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дар ин давра махсусан, ба рушди маориф ва илм таваҷҷуҳ бештар гардид, чунки маориф ва илм дар рушди давлати соҳибистиқлол нақши калидӣ доранд.
Имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаи муҳим – омода намудани мутахассисони дорои донишҳои муосир, қобилияти таҳлилӣ, тафаккури эҷодӣ ва малакаҳои рақамӣ қарор дорад. Дар ҷомеаи рушдёбандаи ба технологияҳои рақамӣ асосёфта зарурати омода намудани мутахассисони рақобатпазир бештар мегардад.
Дар ин замина, рушди технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи захираҳои электронии таълимӣ, омӯзиши барномасозӣ, зеҳни сунъӣ, моделсозии математикӣ ва компютерӣ аз самтҳои муҳими рушди маорифи муосир ба ҳисоб мераванд. Зарур мегардад, ки ҷавонони ояндасоз на танҳо таълим гиранду омӯзанд, балки эҷод кунанд, маҳсулоти технологияҳои иттилоотӣ офаранд.
Истиқлол барои рушди соҳаи маориф на танҳо имконияти ташаккули низоми миллии таҳсилотро фароҳам овард, балки барои ворид намудани технологияҳои нав ба раванди таълим низ шароити мусоид муҳайё намуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми давраи муосир рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ки моро ба пешравиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ баробар менамояд. Технологияҳои рақамӣ имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардидаанд. Тоҷики муосир меомӯзад ва меофарад, такмил меёбад ва такмил мебахшад.
Пас, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аҳамияти хоса пайдо мекунад. Шахси дорои маданияти баланди иттилоотӣ метавонад иттилоотро дуруст ҷустуҷӯ, таҳлил, арзёбӣ ва самаранок истифода намояд.
Аз ин нуқтаи назар, рушди маорифи рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Аз ин рӯ, бо итминон гуфта метавонем, ки 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи муҳимми таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошад. Дар ин давра кишвар марҳилаҳои гуногуни рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро тай намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаҳои муҳим фароҳам овард.
Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, ки соҳиби давлати мустақил, сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷӣ, арзишҳои миллии эҳёшуда ва дурнамои мустақили рушди ҷомеа бошад.
Ҳифзи Истиқлол ва таҳкими дастовардҳои он вазифаи танҳо давоат набуда, аз муқаддастарин вазифаҳои ҳар шаҳрванд мебошад. Хусусан, аҳли зиё, омӯзгорон, олимон ва ҷавонон дар ин раванд нақши муҳим доранд.
Истиқлол бояд барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши муқаддаси миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Зеро ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз фаъолияти имрӯзаи мо, аз дониш ва маърифати насли ҷавон ва аз сатҳи масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст.
Маърифат ГУЛОВА,
дотсенти кафедраи САКА ва ША, факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот
