Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Муҳтарам ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азиз!
Сараввал ҳамаи Шумо ҳамкасбони гиромиро бо фарорасии оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори осоишта, сарбаландӣ ва дар ҷодаи пешанамудаатон барору комгориҳоро таманно менамоям.
Имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба давроне рост омадааст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ 35 -умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ботантана истиқбол менамоянд. Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин, раванди мазкур моро водор месозад, ки Истиқлоли давлатии худро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, онро ҳифз намоем, зеро он мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллати тамаддунофари мо ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони кишвар мебошад, ки ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Албатта, табрикот ва суханронии Пешвои миллат далели маорифпарварии ин шахсияти бузург буда, барои кормандони соҳаи маориф ва пеш аз ҳама, устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун барномаи тарҳрезишудаи фаъолияти касбӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати кишвар, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру ақидаҳо, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодоти омузгорон самаранок истифода менамоянд.
Дуруст аст, ки мафҳуми дониш барои миллати мо аз замонҳои қадим то имрӯз ҳамчун муҳимтарин ҷузъи маънавиёт ба ҳисоб мерафт ва бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм медонистанд, зеро сарчашмаи пайдоиши ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризм ва ифротгароӣ, пеш аз ҳама ба сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани ҷавонон иртибот дорад. Дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона мегардад, зеро бар асари муноқишаҳои ҷаҳони муосир фазои тарсу ҳарос ба руҳияи толибилмон зиёни калон мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таълим ба масъалаи тарғиби фарҳанги сулҳофарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирӣ кардани таблиғоти кинаву адоват, тафриқаандозӣ ва зӯроварию хушунат аҳаммияти махсус дода шавад.
Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад. Маҳз тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол дошта бошанд.
Имрӯз, ҷомеаи Тоҷикистон аз мову шумо устодони муҳтарам меҳнати софдилонаву пурмасъулиятро тақозо менамояд, барои ин ба мо савияи баланди донишу касбият, нангу номус, ҳисси баланди миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстона зарур мебошад, зеро маҳз омӯзгорон метавонанд, имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар гардонанд ва дар пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.
Дар ин замина, Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё ва барои истифодаи васеи устодону толибилмон вогузор менамояд, то аз онҳо истифода намуда, савияи донишу маҳорати хешро такмил диҳанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои омузгорон анҷом додаанд, бояд кӯшиш намоем, ки дар замири шогирдон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамонро тарбия намоем ва баҳри пойдории Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам оварем.
Боварӣ дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат сидқан ба таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои арзандаи ҷавобгу ба талаботи замон заҳмат мекашанд ва дар рушди соҳаи маорифи кишвар саҳм мегузоранд.
Имрӯз бо истифода аз фурсати муносиб ҳайати профессорон ва кулли омӯзгорону донишҷӯёнро ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо сарбаландӣ, рӯзгори осуда, хониши хубу аъло ва садоқату самимиятро таманно менамоям.
**Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак ҳамкасбони азиз!**
