Шумо, эй насли Истиқлоли кишвар,
Зи иқболи баланди хеш нозед.
Чу тақдири навозишкор доред,
Ба ҷойи дил шикастан дил навозед.
Далеле баҳри ғам хурдан надоред,
Сарафрозу далеру шод бошед.
Ба хорӣ дона чидан айб бошад,
Уқоби марҳаматэҷод бошед.
Ҷавонии ба хун олудаи мо
Кирои ёд овардан набошад.
Намегуфтам, агар ибратнамоӣ
Мисоли қарз дар гардан набошад.
Ҷавонии шумо армони мо буд.
Шумо армоншикан фарзанди моед.
Агарчи талхкомем аз ҷавонӣ,
Ба коми пирии мо қанди моед.
Диёре ин ҳама зебову дилкаш
Ки мебахшад ҳузури зиндагонӣ.
Ба ин сон зиндагӣ рӯзе расидан
Маро буд орзуи осмонӣ.
Ватан ободу мардум шод яксар,
Ба қадри беғамӣ бояд расидан.
Кушодан чашми ибратошноро,
Ба иқболи баланди хеш дидан.
Шумо, ки пайравони Пешвоед,
Муборак бод, истиқлол доред.
Зи дунёи ҷавонӣ ком гиред,
Ки ҳам имкону ҳам иқбол доред.
Зи иқболи шумо хурсанд моем,
Барои мо шумо ҷони азизед,
Ғаюру оқилу мардона бошед,
Умеди Тоҷикистони азизед.
Шумо ояндасози ин диёред,
Ба ақлу донишу ҷисми тавоно.
Накукору накуандеш бошед,
Ки гардад ин Ватан садчанд зебо.
Сафармад Аҳмадов, н.и.ф., мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
