Хуҷазода Умед Шароф
Аз 24. Марти 2024 дар вазифаи декани факултети педагогика ва варзиши Муассисаи давлатии таълимии (Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) кор мекунад.
Соли таваллуд 14.июни 1983 ҷои таваллуд ноҳияи Вахш
Миллат тоҷик таҳсилот олӣ
Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (рӯзона), хатм кардааст
Ихтисос: Омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ
Унвони илмӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Кадом забони хориҷиро медонад русӣ англисӣ бо луғат
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҳа аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон соли 2025
Вазъи оилавӣ: оиладор
Суроға: ноҳияи Вахш ҷамоати Файзи Истиқлол деҳаи Мирзообод хонаи 25.
Кор ва фаъолияти собиқа;
|
Солҳои 2013-2016 |
Омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Аз соли 2015 -2016 |
Эдваӣзери МТ дар факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз соли 2016 -2019 |
Бақайдгирандаи МТ дар факултаи педагогика ва варзиш Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз соли 2019 -2024 |
Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 27 марти соли 2024 то ҳол |
Декани факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГИКА ВА ВАРЗИШ
Факултети педагогика ва варзиш мувофиқ ба нақшаҳои таълимии соли равон донишҷӯёнро аз рӯйи 7 ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1. 1-010201-Таҳсилоти ибтидоӣ;
2. 1-010202-03-Таҳсилоти ибтидоӣ.Санъати мусиқӣ;
3. 1-010203-Таҳсилоти ибтидоӣ.Забон ва адабиёти тоҷик;
4. 1-010102-Таҳсилоти томактабӣ.Педагогика ва психология;
5. 1-030302-Сурдопедагогика;
6. 1-030201-Тарбияи ҷисмонӣ;
7. 1-030202-Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ;
Дар факултет ба донишҷӯён омӯзгорони варзида ва дорои дараҷаю унвонҳои баланди илмӣ дарс медиҳанд. Бинои нави таълимии факултет дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 42/Б-и шаҳри Бохтар бо ташрифи муҳтарам Қоҳир Расулзода – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми июни соли 2017 ба истифода дода шуд.
Бинои таълимии мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона, аз он ҷумла 24 адад синфхона, шомили 2 адад синфхонаи технологияи иттилоотӣ ва 9 адад ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо тамоми шароити муосири таълимӣ иборат мебошад.
Дар факултет теъдоди 94 нафар, аз он ҷумла 2 нафар профессор, 3 нафар дотсент, 33 нафар номзади илм, 6 нафар саромӯзгор ва 50 нафар омӯзгор ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Маҳфилҳоро омӯзгорони собиқадори варзида роҳбарӣ мекунанд. Донишҷӯён ба кори ин маҳфилҳо ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.
Дар кори маҳфилҳои варзишӣ бошад, дар канори донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиш, донишҷӯёни факултетҳои дигари донишгоҳ, инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таълимии гуногун ва сокинони шаҳри Бохтар низ ширкат меварзанд.
Таҳсил дар факултет ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои зерин: «Адаб», «Математикони ҷавон», «Мутрибони ҷавон», «Махзани илм», «Нури маърифат», «Равоншинос», «Тарзи ҳаёти солим», «Бозии футбол», «Волейбол», «Баскетбол», «Намудҳои гӯштин», «Тениси рӯйи миз», «Шашкаю шоҳмот», фаъолият мекунанд.
Ин Маҷмааи варзишӣ ва толорҳои варзишии донишгоҳ бо тамоми воситаҳои лозима барои доир кардани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, обутоби бадан ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ таҷҳизонида шудааст.
Имрӯзҳо факултети педагогика ва варзиши Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба макони хуби омода намудани омӯзгорони варзидаи ҷавобгӯ ба дархосту тақозои замони муосир мубаддал гаштааст
