“Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳарчанд ҳар лаҳзаи ҳаёти мо рӯзи модарон аст ва мо ҳама мадюни меҳру садоқати беназири модарем. Ин рӯзро дар тамоми дунё ба хотири арҷ гузоштан ба номи воло, меҳру муҳаббати бепоёну беғарази модар қайд мекунанд, то ки фарзандон қадру ҷойгоҳи модар дарк кунанд, зеро дар меҳвари ин номи бузургу ҳуҷаста ҷаҳон мечархад ва пойбарҷост!
Нависандаи рус Николай Некрасов дар васфи модарон чи зебо гуфтааст:
“Мо хоҳар, зан ва падари худро дӯст медорем, аммо дар вақти азобу ранҷ танҳо модари худро ба ёд меорем.”
Максим Горкий овардааст, ки “Ҳар он чизе, ки дар инсон зебост – аз нурҳои офтоб ва шири модар аст, ки ишқи моро ба зиндагӣ зиёд мекунад”.
Модар – сарчашмаи муҳаббати беканор, махзани ганҷи фарзанд ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Модар – бонуи хонадон, офтоби тобон, таскинбахши қалбҳо ва нусратбахши аҳли башарӣ. Модар – ҳастият баракати зиндагист, қудумат пайроҳаи хушбахтист. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Модари тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи абадии меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буда, нобиғагони бузургеро, ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо фарзандони фарзона, номбардорони миллати худро ба дунё овард, ки дар рушди илму адаби ҷаҳонӣ нақши умда доранд ва ин рисолати муқаддаси худро ҳоло ҳам идома мебахшанд. Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ аст.
Модарони тоҷик пайваста талош меварзанд, ки насли наврас соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои давлату миллат хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Занон-модарон бо муҳаббат зиндагиро танзим ва фазои орому осудаи оиларо таъмин менамоянд. Ва насли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллатро, ки созандаи ояндаи неки ин марзу буми аҷдодӣ мебошад, бо меҳри беандоза ба камол мерасонанд. Нависандаи фаронсави Оноре де Балзак дар васфи модар чунин гуфтааст:
“Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад”
Дар ситоиши модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Дар ҳақиқат ҳам модар дар зиндагӣ шамъест, ки худ месӯзаду ба фарзандонаш рӯшноӣ мебахшад. Агар дар дунё модар намебуд, ҳаёт арзи вуҷуд намекард. Пас ӯ идомабахши ҳаёт аст. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар модар – олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру садоқат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагӣ, назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад. Хидмати модар барои башарият беҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир аст дар тақвияти ин гуфтаҳо ва дар охир суханро бо мисрае аз устод Лоиқ Шералӣ ҷамъбаст менамоем:
Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.
ЮСУПОВ СУҲРОБ, омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва МТГ-и факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ