Мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ
н.и.т., дотсент: Қурбонов М.М.
Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абарқудрату пояндаро ташкил намояд. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи аҷдодони худ, ориёиҳои бузург бо доштани фарҳаги хос, ҳамеша суннатҳои аҷдодиашро эҳтиром ва нигоҳ медорад. Вожаи фарҳанг маънои васеъ дошта, дар фаҳмиши мо ба маънои тарбия, омӯзиш шарҳ дода мешавад.
Ҳамаи дастовардҳои моддӣ ва маънавие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд.
Фарҳанг тамоми паҳлӯҳои ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти гуногунҷабҳаи инсонро фаро мегирад. Бе донистани фарҳанг тасаввур кардани тамоми дастовардҳои инсон ғайриимкон аст. Шиносномаи ҳар як халқу миллат фарҳанг, урфу одатҳояш аст ва дар миқёси ҷаҳон низ ҳар як давлат аз рӯи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат, пояи давлат ва ҷавҳари ҳастию пойдорӣ ном мебаранд.
Халқи тоҷик яке аз миллатҳои қадимаю фарҳангсолори Осиёи Марказӣ буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё шинохта шудаанд.
Албатта ки фарҳанг доираи васеъ дорад ва либоси миллӣ низ дар баробари дигар арзишҳои фарҳангии миллат яке аз ҷузъҳои асосии фарҳанги ҳар як давлат ба шумор меравад. Миллати тоҷик аз қадим либоси миллии ба худ хосро дошт ва дар баробари ин маданияти баланди либоспуширо низ доштанд ва то ба ҳол ин маданияту маърифати баланд миёни ин миллат бараъло мушоҳида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон, ки “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа намуданд, аз паёмҳои қаблиашон бо чандин андешаҳо фарқ дошт.
Ин навбат Пешвои миллат ҳангоми ироаи паёмашон дар баробари дигар соҳаҳои кишвар ба яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок ва имрӯзу ояндасоз, соҳаи фарҳанг низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат: “Фарҳанг ҳастии миллат арзёбӣ мегардад”. Зеро, мавҷудияти тамоми миллатҳо ва расму оину урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон маҳз тавассути фарҳанг то имрӯз нигоҳдорӣ карда шудаанд.
Набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин дастоварди фарҳангии миллати тоҷик дар давраи навин, ин Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Чунки тамоми марому мақсад ва расму оину дастовардҳои миллиамонро мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардем ва тавонистем дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Президенти мамлакат барои дар сатҳи баланди ватандӯстӣ истиқбол намудани ин дастоварди муҳими таърихӣ аз ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола нақшаву чорабиниҳоро таҳия намуда, барои боз ҳам обод намудани сарзамини аҷдодиямон, Тоҷикистони азиз, ба роҳбарон ва масъулини тамоми қишрҳои ҷомеа супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Сокинону шаҳрвандони мамлакат низ дар навбати худ барои дар сатҳи баланд сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ, дар зери сиёсати оқилонаву хирадмандонаи роҳбарияти давалату ҳукумат, махсусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои ободу зебо гардонидани диёрамон саҳм мегузоранд. Корҳое, ки дар самту соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат анҷом дода мешавад, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои рушду пешрафт ва ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат менамоянд.
“Тамоми дастовардҳоеро, ки инсоният дар натиҷаи фаъолияти меҳнати дуру дарози таърихӣ ба даст овардааст, моли фарҳанг мебошад”. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат хуб дарк намуда, дастовардҳои муҳими ниёгони худро муқаддас шумурда, барои ҳифзу нигоҳдории мероси ниёгон ҳамасола маблағҳои зиёдеро ҷудо менамоянд.
Чуноне, ки дар паём ироа гардид, масъалаи ҷудо кардани маблағ дар соҳаи фарҳанг мавриди назар қарор дода шуд: “Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ дар соҳаи фарҳаг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил медод”.
Шаҳодати ҳамаи ин дар меҳвари сиёсати ҳукумати мамлакат қарор гирифтани соҳаи фарҳанг аст.
Дар 33-соли Истиқлолияти давлатӣ барои бунёду азнавсозии иншооту муассисаҳо, иморату китобхонаҳо ва мавзеъҳои соҳаи фарҳанг тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст. Ҳатто дар се соли охир, дар доираи омодагиҳо ба ҷанши 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғатӣ бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардиданд.
Пешвои миллат дар паёмашон иброз доштанд, ки “То имрӯз мо китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз сад ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем”.
Бо вуҷуди он ки дар тамоми самтҳои соҳаи фарҳанг бурдборӣ ва пешравиҳо бароъло ба чашм мерасад, ҳануз дар ин самт камбудиҳо низ вуҷуд дорад, ки барои дар муҳлатҳои наздиктарин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. Чунончӣ: “Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳаллӣ фавриро тақозо менамояд”.
Мо зиёиёнро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои судманду фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро бештар намуда, барои баланд бардоштани фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошем.
Зеро вазъи ҷаҳони муосир пешгӯинашаванда мебошад.
Тамоми давлатҳои абарқудрат талош бар он доранд, ки бо ҳар роҳу восита фарҳанг, расму оинҳои дигар мардумонро аз байн бурда, ба ҷои он фарҳангу маданияти худро ҷорӣ намоянд.
Дар ин давраи ҳассос моро зарур аст, ки ҷавонону наврасони худро дар руҳияи ифтихор аз давлату миллати куҳанбунёди худ, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ тарбия намоем. Чи тавре ки Пешвои миллат қайд намуданд: “Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояро фарҳанги бегона пур мекунад”.
