Мирализода Амирҳамза Маҷид 7-уми январи соли 1998 дар ноҳияи Восеъ, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 2016 мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро хатм намуда, дар ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ (умумӣ)» дохил шудааст.
Соли 2020 таҳсилро дар донишгоҳи мазкур бомуваффақият ба анҷом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2021 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оғоз намуда, то моҳи августи соли 2024 дар мансаби сармутахассиси шуъбаи кор бо кадрҳои мақомоти мазкур фаъолият кардааст.
Аз моҳи августи соли 2024 то инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият намуда истодааст.
