-
Ҷ. Шамсов, н.и.и., омӯзгори кафедраи баҳисобгири муҳосиби таҳлил ва аудити ДДБ ба номи Носири Хусрав
Истиқлолият дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки неъмати бузургтарин ба ҳисоб рафта, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Воқеан ҳам истиқлолият сарвати бузург ва неъмати бебаҳое мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он талош меварзанд. Мафҳумест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муариффӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менаояд.
Вақте ба раванди таърихи ташаккули истиқлоли тоҷикон назар менамоем, равшан мегардад, ки роҳ ба сӯи истиқлолият бисёр мураккабу тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомез будааст, аммо дар замири миллати тоҷик омилҳои бунёдии эҳёи истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт.
Зиндагӣ ин худ озодии инсону истиқлоли ӯст. Ҳамин тавр, озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешраф, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлоли комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақили бо ном Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.
Имсол 34-сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар бурда, бо шарофати ин неъмати бебаҳо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва обод намудани Ватан ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд. Дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Ва инро тамоми муҳаққиқон ва аҳли илму адаб таъкид намуда, борҳо дар ин маврид изҳори назар кардаанд.
Дар муаррифӣ намудани давлати навини тоҷикон ва миллати тамаддунсози тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмати абармарди арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст ва дар ин росто қадамҳои бузургу устувор гузошта шуданд. Доир ба қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари муборакқадаму хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма низ ба нашр расидаанд.
Сарварони мамлакатҳои абарқудрат низ дар хусуси хизматҳои шоистаи Пешвои миллати мо дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ изҳори назар карда, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намудаанд.
Истиқлолияти сиёсӣ рамзи озодӣ ва арзишҳои муҳиме барои ҳар як миллат мебошад, ки барои ба даст овардани он миллату халқиятҳои гуногун солҳои тӯлонӣ мубориза мебаранд. Дар ҷаҳони муосир низ миллатҳои зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз ба истиқлолияти хеш шарафёб нагардидаанд ва ба ҳар гуна мушкилоту монеаҳо рӯбарӯ ҳастанд, то дар ниҳояти кор ба истиқлолияти хеш мушарраф гарданд. Аз ин рӯ, замоне, ки сухан аз истиқлолияти сиёсӣ меравад, қабл аз ҳама, истиқлолияти олӣ, яъне истиқлолияти этирофшуда дар назар аст, ки аз ҷониби дигар кишварҳо этироф гардидааст. Хусусан соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва этироф гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне зиёда аз сад кишвари ҷаҳон – ин ҳама боиси ифтихору эҳтироми шаҳрвандони кишвари мо мебошад.
Соҳибихтиёрӣ ё худ истиқлолияти комил доштани давлат ин молики ҳақиқии воситаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ будани халқро мефаҳмонад. Эълон гардидани соҳибистиқлолии давлат, сохтани атрибутҳои давлатӣ ҳатто дар дараҷаи конститутсионӣ ҳанӯз комилҳуқуқии онро таъмин карда наметавонад. Барои ин боз эътирофи давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки ба туфайли соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии давлатӣ аллакай чанде аз роҳбарони давлатӣ, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар анҷуманҳои Асамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид на фақат иштирок дошт, балки аз минбарҳои баланди он ба ҷаҳониён дар бораи пайдоши давлати нав, сиёсати дохилию хориҷии он ахборот дод.
Ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ барои мардуми мо беҳтарин арзиш ва дастовардест, ки ба он эътимоду эҳтироми самимӣ бояд дошт. Дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолӣ – ин сохтмони иншоотҳои бузурги аср: НБО-и Роғун, НБО-и Сангтуда – 1, НБО-и Сангтуда – 2, сохтмони пулҳо, кушодани роҳҳои паҳнбари оҳан, роҳҳои мошингард сохтмони мактабу дигар иншоотҳои иҷтимоӣ ва ба таври кулли тағйир ёфтани симои шаҳру деҳоти кишвар нишонаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолият худ ба худ ба даст намеояд. Вале истиқлолияти ба даст овардаи мо чун ҳадяи худованди 9-уми сентябр соли 1991 ато шудааст. Иқлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.08.1991) рӯзи 9-сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд. Ин рӯз марҳилаи навест дар таърихи халқи тоҷик, ки бо хати заррин сабт шудааст.
Истиқлолият ин омили бузурги давлатдории миллӣ, кишвари ободу озод, миллати дар ҷаҳон бо дигарон баробарҳуқуқ, соҳиби забону фарҳанги хеш, хештаншиносу худшиносист.
Ҷумҳури соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта бошад ҳам, вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифтанд ва гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро қариб буд зери хавфу хатар гузоранд.
Дар чунин вазъият ҳассос иҷлосияи XVl Шурои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин иҷлосия аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷаги ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлат бениҳоят мураккаб зимоми давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад.
Дар шароити ниҳоят душвори давлатдорӣ ба ҳайси сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин аввалин ва бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ки соли 1994 суръат гирифта буд, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад.
Дастоварди дигаре, ки бо шарофати сарвари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрванди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба арзиши истиқлоли давлатӣ чунин иброз намудаанд: «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватанпарастиву ватандӯстии мо мебошад».
Воқеан ҳам, истиқлолият ифтихору ихтиёрдорӣ, сари баланди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 34- сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
