Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳат ва донишандӯзии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати зеҳнии онҳо бо истофода аз усулҳои муосир ҳамасола тадбирҳои судман андешида мешавад.
Ҷавонон аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ муҳофизони боэътимоди истиқлолияти ватан эътироф шудаанд масъулияти бузургеро ба душ доранд. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд “Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, бо истеъдоду лаёкадманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз доранд”. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонан ба ташаббускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд.
Месазад, ки ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи ҳикмат бигиранд.
Ободии ин ватани азиз аз касбу ҳунари мо ҷавонон вобаста аст, ягон бегонае аз диёри бегонагон Ватани моро обод нахоҳанд кард. Аз ин ру мо бояд камари ҳиммат баста кӯшиш кунем, ки ҷавонон ба ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат илм аз бар кунем ва ободгару созанда бошем.
Фазои орому осоишта, ваҳдату ягонагӣ, ободу зебогии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои мо насои соҳибистиқлол аз нематҳои бебаҳо ва туҳфаи олист.
Истиқлолияти мамлакат аслан аз муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ва дӯст доштани обу хоки Меҳан сарчашма мегирад миллати тоҷик ватандӯсту сулҳпарвар буда, баҳри ба даст овардани ин неъмати гаронарзиш ба Пешвои маҳбуби худ якдилу яктан шуда ба мақсади хеш расид. Имрӯз мо зодаи даврон, барои ноил шудан ба муваффақиятҳо, арзишҳои миллӣ ва пос доштани оини ниёгон бояд талош намоем. Зеро истиқлол неъмати бебаҳои миллати тоҷик аст.
Хурсанду хушҳол аз онем,ки бо ташаббуси падаронаи Пешвои муаззами миллат дар ин давра дар ҳаёти мо наврасон навгониҳои зиёд руйи кор омаданд.Аз ҷумла, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, таъмини онҳо бо компютерҳо, ташкили озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, таъсиси стипендияҳо барои хонандагони болаёқат ва ғайраҳо иқдомҳое мебошанд,ки барои ояндаи неки мо роҳи васеъ мекушоянд.
Мактаб худ макони фарҳангу адаб, илму маърифат ва донишу хирад мебошад. Дар ин макони дониш маърифат пойдор, илму адаб устувор гашта, насли наврас соҳибистеъдод мегарданд. Мо ҷавонони даврони истиқлол насли хушбахти давронем зеро таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат аст, ки мо имкони иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз онро пайдор намудаем аз ин ру дар расидан ба ҳадафи нек ва муваффақиятҳо моро мебояд бо дониши баланд ҳиссаи ватандӯстӣ ва дилгармӣ дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Мо ҷавонони инсондӯсту ватандӯстро зарур аст, ки илмдӯстиро парварем то ба ояндаи беҳтар расем.
Зувайдуллозода Ганҷина,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит
