Истиқлол муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистоин маҳсуб меёбад. Насли имрӯзаи мо бояд дарк намояд, ки кишвари азизи мо дар даврае, ки истиқлол ба даст овард, ки мардуми мо шаҳди ширини соҳибистиқлолиро ҳанӯз начашидаву мубталои найранги аҷнабиён гашта, ба чоҳи зулмот афтода буд. Қувваҳои бегона то ҳадде тавонистанд алангаи кинаю адоватро байни мардум пиёда намуданд ва оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо барангехтанд.
Раванди мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик ҳанӯз дар ҳазораи якуми пеш аз мелод дар қаламрави давлати Ҳахоманишиён (соли 550 пеш аз мелод) ҷараён ёфта, давраҳои дигари давлатдории тоҷикон замони Сосониён (солҳои 226-651 ) ва Сомониён (солҳои 875-999 ) ба шумор меравад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ роҳи пуршебу фароз ва мураккаберо паси сар намуда, дар заминаи дутамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёй ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод кардаанд. Беҳтарин фарзандони миллати тоҷик дар саргаҳи донишу фарҳанги ҷаҳонӣ меистоданд ва дар рушди инсоният саҳми босазо гузоштаанд.
Баъд аз шикасти аввалин давлати мутамаркази сиёсии тоҷикон – Сомониён халқи тоҷик қариб ҳазор сол давлати мустақили худро надошт.
Гарчанде тоҷикон аз соли 1917 дар ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави муайяне зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд, истиқлолияти воқеӣ надоштанд. Тоҷикон аз муайян кардани муҳтаво, мақсад ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ дар канор нигоҳ дошта мешуданд.
Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон агар аз як тараф, маҳсули равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри XX бошад, аз сӯйи дигар, натиҷаи талошҳои садҳо фарзандони баору номуси миллат аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрӯи миллату истиқлолияти Ватани азизамон фидокориву ҷоннисориҳо кардаанд.
Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин чун санаи тантанаи адолати таърихӣ азизу арҷманд гардидааст.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ тариқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ки тибқи муқаррароти моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама, дар он ҳоло Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ буда, аз соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Дар давоми солҳои истиқлолият халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, ки асоситарини онҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Парламенти дупалатагӣ ва касбӣ, қабули Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ – сомонӣ, қабули қонуни забони давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ мебошад. Ҳамчунин харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф карда шуда, таҳкурсии азими иқтисодии мамлакат гузошта шудааст.
Дар мамлакат ислоҳоти амиқи иқтисодӣ оғоз шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба самтҳои стратегии давлат табдил дода шудааст.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Дастоварди бузургтарини мо тӯли ин солҳо барқарор кардани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандорист, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва Роҳбари оқилу фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои истиқлолият боз як нуктаи муҳиммеро қайд карда, гуфтаанд: “Бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамоии мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон муяссар гардид”.
Дар ин асно мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатӣ шукрона кунем, истиқлолият ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Махсусан, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки бинобар бархӯрди тамаддунҳо вазъи ҷаҳон соат ба соат ва рӯз ба рӯз муташанниҷ шуда истодааст, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки ҷавонони мо мисли ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгаро ва бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон доимо омода бошанд.
Аз ҳамон замон то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад. Истиқлолияти бадастовардаи мо Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшида, дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рӯйи Тоҷикистон боз намуд.
Танҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сӯйи фардои дурахшон сарбаландона устуворона қадам гузорем.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд муҳимтарин рукнҳову суннатҳои истиқлолият мебошанд.
Дохилшавии ҷумҳурӣ ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ барои инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда, ташаккул ёфтани сохтори хоҷагии халқ ва иқтидории содиротии кишвар замина гузошт.
Ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангутамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хароб гардида, иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар рӯ ба таназзул оварда буд. Ҳазорон нафар иҷборан гуреза шуда, оилаҳо бесаробон монданд.
Дар он рӯзҳо вазъи кишвари мо чун ҳолати имрӯзаи кишварҳои ҷангзада гардида буд. Ин ҳолатро баъзе аз гурӯҳҳои хиёнаткору сиёҳкори мо дар ҷумҳурӣ бо дастури хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ карда буданд. Аммо, тавре ки дар урфият мегӯянд, “поёни шаби сиёҳ сафед аст”.
Ба бахти баланди мардуми соҳибтамаддуни мо дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат ва хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, аввалин сухане, ки ба забон овард, – “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд.
Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки ҳастии миллатро хатари азбайнравӣ таҳдид мекард, сари идораи давлат шахсе омад, ки қалбаш моломол аз дарди миллат, меҳр ба ин Ватани азияткашида буд. Аз рӯзи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштанд, ки мақсади асосиашон ба ҳам овардани мардум, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз аст. Вазифаи асосӣ таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории субот дар давлати мо буд, ки бо имзо расидани Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ соли 1997 амалӣ гардид.
Пешвои миллат дар ҳақиқат ҳам ба ин ваъдаашон вафо карданд ва дар як муҳлати кӯтоҳ тариқи гуфтушунидҳо бо роҳбари гурӯҳи мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расонида, дар мамлакат сулҳи деринтизорро барқарор намуданд.
Воқеан ҳам, имрӯзҳо аз он солҳои мудҳиш, аз он даврае, ки кишвари мо истиқлоли комил ба даст овард ва дучори фоҷеа ва рӯйдодҳои нангину сангини сахти таърихӣ гардида буд, 34 сол сипарӣ гардид. Дар ин 34 сол Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, ба як кишвари ободу шукуфон ва рӯ ба рушд табдил гашт.
Баъд аз ба даст овардани сулҳи комил мардуми заҳматкашу меҳнатқарини кишвар пайи ободониву созандагӣ гашта, ватани худро обод карданд, коргоҳу корхонаҳои муосир сохта ба истифода дода шуданд. Заминҳои кишт самаранок истифода гардида, бунёди боғу токзорҳо ба роҳ монда шуд.
Дар ин миён мактабу кӯдакистонҳо ва беморхонаву марказҳои саломатӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳоло насли ҷавон аз шароитҳои мусоид пурсамар истифода намуда, дар фазои сулҳу оромӣ илму дониш омӯхта, кору фаъолият карда истодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки бо Барнома ва Низомномаи худ дар тараққиёту пешрафти кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум саҳми назаррас гузошт ва то ҳол ин фаъолияти пурмаҳсулро идома дода истодааст.
Марҳилаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон метавон шартан ба 3 давра тақсим намуд:
Давраи аввал; солҳои 1991-1994-таҳлили низоми шуравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовимати шаҳрвандӣ;
Давраи дуввум; солҳои 1995-99-раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
Давраи сеюм; 2000-2014-солҳои рушди устувори иқтисодӣ.
Ҳамасола Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иқдомҳо ва пешниҳодҳои ҷолибро ироа менамоянд, ки амалӣ кардани онҳо ҷиҳати рушду пешрафти кишвар ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунанд.
Эълон гардидани солҳои 2019- 2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боис ба он шуд, ки ҳама деҳаву маҳал ва дурдасттарин деҳаҳо бо шароитҳои зарурӣ ва муосир ноил гардидаанд.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кард.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз аз он ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад.
Имрӯз мо бо ҷуръат гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли комил ва ҳақиқӣ ба даст овардааст. Чунки падидаҳои мазкур комилан дар кишвар ва мардуми осоиштаи мо дида намешавад ва қариб нафаре дар ин Ватан пайдо намегардад, ки аз хориву зиллат, хавфу тарс, бесуботӣ, ноадолатӣ, нооромӣ ва беҳуқуқӣ шикоят пеш орад. Ҳатто бадхоҳони миллати тоҷик, гарчанде тараққиёти зиёди кишварро ноодилона инкор мекунанд, аммо то ба ҳол натавонистаанд Истиқлоли Тоҷикистонро инкор намоянд, ки он «бузургиест, душман эътирофаш кардааст».
Моро зарур аст, ки тавассути меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ истиқлоли бадастовардаамонро ҳифз намоему Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Андешаҳои боло ба мо чунин хулоса мебахшанд, ки танҳо Истиқлоли комил ва ҳақиқӣ корсоз буда метавонад, на оне, ки дар ҳуҷҷату санадҳо дарҷ гашта, ба ҷаҳониён эълон гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки Истиқлоли комил натанҳо миллати тоҷикро иззатманду озод намуд, забони модариро ҳифз кард ва мақоми давлатӣ бахшид, балки тамоми соҳаҳо ва рукнҳои боэъдимоди давлатро аз монеаҳо озод сохт ва дар масири рушду тараққӣ қарор дод, зина ба зина ва бо тадриҷ тамоми соҳаҳои кишвар пеш рафт такомул ёфт .
Халилзода Давлаталӣ Халил,
д.и.т., профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав
