Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Мащмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи омӯзгор
Устодону омӯзгорон ва ҳозирини гиромӣ!
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузургу донишманд гардидани шогирдони баркамол маҳз аз талошу заҳмати омӯзгорон вобастагӣ дорад. Қадру манзалати омӯзгорро ҳамон нафароне медонанд, ки аз қадру қиммати илм бархӯрдоранд. Омӯзгор бо донишу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, сабки хоси таълимияш дар қалби шогирдон ҷой гирифтаву тавонист, ки мақому манзалаташро дар ҷомеа пайдо намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2025-2026 иброз доштанд, ки “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад”.
Боиси ифтихор ва сарафрозии мо омӯзгорон аст, ки давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мо эътимод доранд ва барои болоравии нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста талош менамоянд. Доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати «Дарси сулҳ ва рӯзи дониш», ки санаи 30-юми августи соли ҷорӣ баргузор гардид, иброз доштанд, ки “Ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии Парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳилаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид”.
Тадбири мазкур боз ҳам аз таваҷҷуҳи беандозаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дарак медиҳад, ки бесабаб нест, зеро мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки илму дониш, техникаву технология, махсусан зеҳни сунъӣ бо суръати кайҳонӣ рушд намуда, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Имрӯз дар кишвари азизи мо -Тоҷикистон зинаи таҳсилоти олии касбӣ аз нигоҳи сифат дигаргун гардида, рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. Дар ин марҳила низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид, ки ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвар иртибот доранд.
Бояд пайваста дар хотир дошта бошем, ки маҳз мактабу маориф омили ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад, бинобар ин дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки истиқлолу озодии кишварҳо зери хатар қарор дорад, қадру қиммати сулҳ рӯз то рӯз меафзояд. Чунин ҳолати хатарафзои кишварҳо таъсири манфии худро ба раванди таълиму тарбия расонида, боиси кам шудани андешаҳои сулҳхоҳона миёни толибилмон мегардад. Аз ин рӯ, имрӯз ҷомеа аз мову шумо устодони муҳтарам фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро тақозо менамояд, ки ҳалли ин масъалаҳо ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии олимону омӯзгорон алоқаманд мебошад. Маҳз омӯзгорон метавонанд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар гардонанд ва дар пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо танҳо заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор зарур аст, то дар оянда наслҳое ба воя расанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд гардад.
Дар ин замина, Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё ва барои истифодаи васеи устодону толибилмон вогузор намудааст, то аз онҳо истифода намуда, савияи донишу маҳорати хешро такмил диҳанд.
Рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият дар ҷомеа ба дӯши мо омӯзгорон аст ва ояндаи давлату миллат ва Ватанро маҳз мову шумо месозем. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои омӯзгорон анҷом додаанд, бояд кӯшиш намоем, ки дар замири шогирдон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамонро тарбия намоем ва баҳри пойдории Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам оварем.
Итминон дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба хотири амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан ба таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои арзандаи ҷавобгӯ ба талаботи замон заҳмат мекашанд ва дар рушди соҳаи маорифи кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз, ки дар остонаи иди касбӣ – Рӯзи омӯзгор қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати профессорон ва кулли устодону омӯзгоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба шумо саодатмандӣ ва барори корро таманно менамоям. Бигузор, Рӯзи омӯзгор барои Шумо – устодони гиромиқадр навгониҳои тоза ба тозаро эҳдо намояд.
Рӯзи омӯзгор муборак!
