Башарият баҳри озодӣ, ҳуқуқ ва ҳаёти шоиста дар тӯли таърихи худ муборизаи хеле зиёд бурда, ҷоннисориҳо кардааст. Ин талошҳо дар муборизаҳои мусаллаҳона, идеологӣ, тарбиявӣ, иҷтимоию иқтисодии табақаҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеа бо тарзу усулҳои гуногун ба вуқуъ мепайвастанд.
Татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини тартиботу субот ва рӯзгори шоистаи ҳаёт таҳия ва тасдиқу қабули меъёрҳои муайян дар шакли қонунҳо зарурат ба миён омад. Аз ин хотир, дар ҷомеаи инсонӣ бо роҳҳои таҳия ва қабули қонунҳо (меъёрҳо)-и муайянкунандаи тартибот, рафтор, танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохтори идоракунӣ ва тартиботи давлатӣ сурат мегирифт. Ба сифати нахустин қонунномаҳо “Қонуннонмаи Хамураппӣ”, “Русская правда”, “Эъломияи Куруши Кабир”, навиштаҷоти рӯи сангии Дориюши Кабир ва чандин санадҳои дигари таърихӣ баромад мекунанд, ки сарчашмаҳои асосии ҳуқуқро ташкил медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки асосҳои умумии назариявии ҳуқуқу озодиҳои инсон аз таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқи аҳди кадим сарчашма мегиранд. Ҳамин тариқ, софистҳо (Антифон, Ликофрон, Алсидам) дар асрҳои 5–4 пеш аз милод қайд намуданд, ки ҳамаи одамон табиатан баробаранд ва якхела ҳуқуқҳои табиии муайянкардаи худро доранд. Ба қатори онҳо, пеш аз ҳама, озодӣ ҳамчун арзиши олии ҳаёти инсон марбут буд. Файласуф ва арбоби давлати Юнони Қадим Ситсерон яке аз аввалин назариячиёни ҳуқуқи фитрӣ буда, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи моликияти хусусиро барои шахс қайд кардааст. Ҳамзамон татбиқи ҳуқуқҳои сиёсӣ дар аҳди қадим озодии баёни шахсе, ки қобилияти ҳуқуқии ӯро мавҷудияти шаҳрвандӣ муайян мекард, аниқ карда мешуд. Ҳамин тариқ, аввалин шакли юридикии ҳуқуқи инсон ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи шаҳрванди полиси қадим маҳсуб меёфтанд.
Консепсияи ҳуқуқи инсон ба маънои муосири он аз замони эҳё ва ислоҳот дар Аврупо, замони тадриҷан аз байн рафтани авторитаризми феодалӣ ва консерватизми динӣ, ки дар асрҳои миёна ҳукмфармо буд, сарчашма мегирад.
Ҳамин тариқ, дар таърихи ташаккул ва инкишофи соҳаи ҳуқуқ дар асрҳои минбаъда таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омада, мавқеи қонунҳо, ҳуқуқҳо дар ҷомеа рӯз то рӯз баланд мешавад. Ҷомеа зарурат, моҳият ва мақому манзалати қонунҳоро дарк карда, торафт нақши танзимии онҳоро дар ҳаёти воқеӣ таъмин менамояд. Ҳамин буд, ки ба таҳия ва тартиб додану қабул кардани қонунҳо аҳли ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир мекард, онҳо боз ҳам такмил ёфта, бо мурури замон қариб ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти инсон ва паҳлӯҳои муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври васеъ фарогир шуданд.
Дар ҳамин росто, дар ибтидои садаи ҳаждаҳум бори аввал дар кишвари Фаронса мафҳуми “Конститутсия” мавриди истифода қарор дода мешавад. Он аз вожаи лотинии “Constitution” – муқаррарот, дастур гирифта шудааст. Зери ин мафҳум маҷмӯи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таҳия намуданд. Зеро дар кишварҳои аврупоии ин замон аллакай пайдоиши мафҳуми миллат ва давлати миллӣ ба вуҷуд омада буд. Пас, гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ҳамчун маҷмӯи ҳуқуқҳо дастоварди замони нав дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва низоми давлатдории навин маҳсуб меёбад. Дар Амрико ин истилоҳ соли 1778 бори аввал ба сифати қонунномаи асосӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки давалтҳои дигари ҷаҳон низ бо мурури замон онро дар низоми давлатдории худ мавриди истифода қарор доданд. Қонунҳои асосии аксар давлатҳо зери ин унвон таҳия, тасдиқ ва қабул гаштанд.
Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муайян мекунад. Он ҳуҷҷати асосии таъсисдиҳандаи давлат буда, ҳадафҳои асосии бунёди давлатро муайян мекунад.
Мафҳуми конститутсия маънои асос ё заминаи ҳуқуқии давлат ва ҷомеаро дар бар мегарад. Он одатан дар баробари қонунҳои дигар, баландтарин неруи ҳуқуқӣ дорад ва ҳамаи дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба он мутобиқат кунанд.
Дар маҷмӯъ, конститутсия вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
Ташкили сохтори давлат:
Кафолати ҳуқуқ ва озодиҳой шаҳрвандон:
Муайян кардани вазифаҳо ва салоҳиятҳои мақомоти давлат:
Аксар вақт, конститутсияҳо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд, то шаффофият ва қонуният дар ҷомеа таъмин шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конститутсия таърихи ба худ хос дорад ва қабул гардидани ин санади муҳим чанд марҳаларо аз сар гузарондааст. Ин конститутсияҳо мутобиқи сохтор ва вазъияту инкишофи ҷомеа дар замони ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешуданд ва низоми он ҷомеа (сотсиализм)-ро ифода мекарданд. Ҳамасола дар ин давлат 7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешуд. Дар майдонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ роҳпаймоиҳо сурат мегирифтанд. Ин ҳама шаҳодат аз мавқеи баланд доштани ин санади муҳим буд.
Дар замоин Истиқлоли давлатии мамлакат дар солҳои аввали 90-уми садаи гузашта, барои ҷомеаи нави тоҷикон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нав бо риояи принсипҳои демократия, дунявият баробарӣ пеш омад. Ба таҳияи ин санади муҳим аз тарафи мақомотҳо, олимони соҳа, ташкилотҳо ва дигар муассисаҳо, инчунин шаҳрвандон диққати махсус зоҳир карда мешуд. Қариб тамоми аҳолӣ ба таҳияи матни Конститутсия назари ҷиддӣ дошт ва аз он тариқи ВАО пурра иттилоот мегирфт.
Фикру мулоҳизаҳо пешниҳод мешуданд, зеро ин санад тақдири оянади аъзоёни ҷомеаро ифода мекард. Конститутсия муаррифгари тамаддуни миллат ва сарчашмаи тамоми дигар қонунҳо мебошад ва он ифодагари иродаи мардуми тоҷик буда, халқи моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Имсол халқи шарафманди мо 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, созандагӣ ва пешрафти мамлакат таҷлил мекунад. Дар ин муддати кутоҳ ба ин қонуни асосии кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Маҳз Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мо имкон дод, ки заминаи бунёдсозии ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро мустаҳкам кунем ва давлати ягонаро бо мурури замон таҷдид намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки башарият барои расидан ба озодии комил асрҳо талош карда, муборизаи беамон бурдааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳама гуна ҷомеаи демократӣ тааллуқ доранд ва дар Конститутсияҳои бисёр кишварҳо ҳамчун арзишҳои баландтарин эътироф шудаанд. Конститутсия, ки қонуни асосии давлат аст ва муқаррар менамояд, ки ҳар як инсон чунин ҳуқуқҳоро ба мисли ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, амният, баробарӣ дар назди қонун ва ҳифз аз ҷониби мақомоти қудратӣ муқаррар мекунад. Ин ҳуқуқҳо барои таъмини эҳтиром, озодӣ ва адолат барои ҳар як шахс нигаронида шудаанд.Таҳия, қабул, риоя ва эҳтироми Конститутсия барои ҳар фарди ҷомеаи мутамаддин қарз ва фарз аст.
Конститутсияҳо, ҳуқуқу озодиҳо ба масъулияти давлат оид ба ҳимоя ва дастгирии он дохил мешаванд. Масалан, дар бисёр Конститутсияҳои кишварҳо ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқ ба адолати судӣ ва ҳуқуқи иштирок дар идоракунии фондҳо мустақар шудааст. Ин ҳуқуқҳо муқаррарот барои ҷомеаи фаъол мебошанд, ки дар асоси татбиқи онҳо дар ҳаёт, мамлакат инкишоф меёбад. Бадин васила шаҳрвандон метавонанд аз ҳуқуқҳо, озодиҳои худ ба таври лозимӣ истифода баранд.
Конститутсия барои ҳар давлату миллат оиннома ва дастури асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, Конститутсия тавозуни байни ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва маҳдудиятҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва озодии онҳоро дар пешрафти беҳбудии ҳаёти омма тартиботи ҷамъиятӣ муайян менамояд.
Зувайдуллозода Ганҷина,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит
