Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва нишонаи ҳувияти миллӣ мебошад. Миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ дорад, баъди солҳои тӯлонии беистиқлолӣ ниҳоят тавонист орзуву ормони деринаи худро амалӣ гардонад.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Вале солҳои аввали истиқлолият барои миллати тоҷик солҳои санҷишу озмоиш буданд. Кишвар ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид, иқтисод хароб, сохторҳои давлатӣ фалаҷ ва сарнавишти миллат дар хатар монд. Дар ҳамин лаҳзаҳои басо ҳассос шахсияти бузурге ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки сарнавишти кишварро дигаргун сохт. Ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллат ва Ватан бо дилу ҷон хизмат намуданд. Ӯ бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва муҳаббати беандоза ба мардум тавонист Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ берун оварда, пояҳои давлатдории мустақилро бунёд намояд.
Бузургтарин хизмат ва заҳмати Пешвои миллат дар таърихи навини Тоҷикистон — ин барқарор кардани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Пас аз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (ноябри соли 1992, шаҳри Хуҷанд), кишвар дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар чунин вазъ, ки давлат амалан аз ҳам пошида буд, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати сиёсӣ изҳор доштанд:
«Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам, агарчи ин барои ман ба ивази ҷон бошад». Ӯ бо устуворӣ ва сабурӣ роҳи гуфтушунид, музокирот ва созишро интихоб кард. Пас аз як қатор мулоқотҳои душвор миёни тарафҳои даргир, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод Тоҷикистонро ба роҳи нав – роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ ворид намуд. Имрӯз сулҳ, субот ва оромие, ки дар кишвар ҳукмфармост, самари заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст.
Баъди поёни ҷанг иқтисодиёти кишвар пурра хароб шуда буд, беқурбшавии пули миллӣ, набудани корхонаҳо, камбуди нерӯи барқ ва бекорӣ мушкилоти асосӣ буданд. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти амиқи иқтисодӣ оғоз ёфт. Ҳукумати кишвар бо роҳнамоии Президент барномаҳои стратегии рушдро таҳия ва амалӣ намуд:
Барномаи миллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ (2001–2010);
Стратегияи миллии рушд то соли 2030;
Барномаи “Роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ”, ва дигар лоиҳаҳои муҳими давлатӣ.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, НБО “Сангтӯда-2”, НБО “Роғун”, роҳҳои байналмилалӣ (масалан, Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, Душанбе–Қулма, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ), пулҳо, нақбҳо ва шоҳроҳҳои нав аз зумраи корҳои азимест, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард. Имрӯз Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шудааст ва иқтисоди он бо суръати устувор рушд дорад.
Пешвои миллат фарҳангро рукни асосии давлатдорӣ ва пояи ҳастии миллат меҳисобанд. Дар давраи роҳбарии ӯ даҳҳо барномаҳои миллӣ барои рушди илму маориф, фарҳанг, забон ва мероси миллӣ қабул гардиданд. Бо ташаббуси ӯ Қонун дар бораи забони давлатӣ, Барномаи рушди фарҳанг, Солҳои омӯзиши илм ва технология, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли ҷавонон, Соли рушди саноат ва дигар ташаббусҳо татбиқ шуданд.
Бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Қасри миллат, Боғи Ирам, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва дигар иншооти рамзии миллӣ ба таҳкими худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ мусоидат карданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд соҳиби илму дониш ва ҷаҳонбинии васеъ бошанд. Бо дастгирии ӯ садҳо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои бонуфуз аст. Бо ташаббуси Пешвои миллат чандин иқдоми ҷаҳонӣ оид ба масъалаи об, ки яке аз мушкилоти асри XXI аст, аз ҷониби СММ қабул гардиданд.
Ин ташаббусҳо ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат карданд ва нишон доданд, ки кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ нақши муҳим дорад. Пешвои миллат бовар доранд, ки бе ваҳдат ва якдилӣ ҳеҷ давлат пешрафт намекунад. Ӯ ҳамеша мардумро ба дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми якдигар даъват мекунанд. Маҳз сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯз намояндагони ҳамаи миллату қавмҳо дар фазои сулҳу ҳамбастагӣ зиндагӣ кунанд. Ваҳдати миллӣ ба рукни муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва рамзи асосии истиқлолият ва пойдории давлат мебошад.
Заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати мустақил ва таҳкими пояҳои он аз саҳифаҳои тилоии таърихи нави тоҷикон маҳсуб меёбанд. Ӯ тавонист миллати тоҷикро аз рӯзҳои сахти ҷанг ба сӯи сулҳ, аз фақру тангдастӣ ба рушди устувор ва аз ноумедӣ ба эътимод ба фардо раҳнамоӣ кунад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба марҳилаи нави тараққиёти устувор ворид шудааст. Сохтмони НБО “Роғун”, рушди саноат, тавсеаи инфрасохтор, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ самараи заҳматҳои ӯст.
Миллати тоҷик бо ифтихор аз Пешвои худ сабақ мегирад, ки меҳанпарастӣ, ваҳдат ва заҳматкашӣ калиди муваффақияти ҳар давлат аст. Бунёди давлати мустақил ва пояндаи тоҷикон — натиҷаи меҳнати содиқона ва ҷонфидоии фарзанди ҳақиқии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мирзозода Аъзам,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

