“МЕҲРГОН” ҶАШНЕ АЗ ОРИЁН
Ҷашни «Меҳргон» аз қадимтарин маросимҳои мардуми ориёитабор ба шумор рафта, нишонаи осудагӣ, файзу баракат ва бақои ҳаёт дар рӯйи замин дониста мешавад. Зеро ҷашни мазкур ба фаъолияти пурсамари марди деҳқон, ки ризқрасонандаву идомабахши ҳаёт аст, марбут мебошад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ҷашни мазкур таърихи беш аз се ҳазор сола дошта, дар сарзаминҳои мардуми тоҷику…