ДАВРИ МУАССИСАВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДОИР ШУД
Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён доир шуд. Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардида, дар мавзуи «Шоҳнома» – муҳофизи таъриху фарҳанги миллат» баромад намуд. Дар идомаи суханронӣ Ҳукмиддин…
