Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Феврал 28, 2025 Ҳамватанони гиромӣ! Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати…