НАВРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН 20 МАРТ ФАРО МЕРАСАД
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ 20 март, соати 19:45 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши…
