«КИТОБ ОИНАИ ФАРҲАНГ»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аксияи фарҳангии «Китоб оинаи фарҳанг» баргузор гардид. Ин иқдом бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, таҳкими завқи китобхонӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхона роҳандозӣ шуд.
