
Конститутсия – бахтномаи давлату миллат
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз аз ҳамин қонуни асосӣ сарчашма мегиранд. Конститутсия – ин қонуни асосии давлат мебошад, ки асоси сохтор, вазифа ва масъулияти давлатро муайн мекунад. Он рамзи ҳуқуқии асосӣ буда, ҳам ҳуқуқ ва ҳам озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд….
