НИҲОЛШИНОНӢ
Чуноне, ки пештар иттилоъ дода будем, имрӯз ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар 1500 бех ниҳол шинониданд.
