ВАҚТЕ КӮДАК ҚУРБОНИ НАФРАТ МЕШАВАД…
Хабари бераҳмона кушта шудани Қобилҷон, кӯдаки 10-солаи тоҷик, дар Федератсияи Русия моро ва, бовар дорам, ҳар узви бедордили ҷомеаи моро ба ҳолати сангини рӯҳӣ гирифтор кард. Тибқи иттилои расмӣ, ҳамла аз ҷониби як навраси 15-солаи рус анҷом ёфта, ҷабрдида, ки хонандаи синфи 4-уми мактаб буд, бар асоси мансубияти миллӣ, яъне ғайрирус буданаш ҳадаф қарор гирифтааст….
