БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар он замон, ки зи ошуби боди ҳарҷоӣ Маҳу ситора фуру рафту сахт тӯфон шуд. Бибаст дидаи хеш офтоби оламтоб Фазо сиёҳ, замин низ торикистон шуд. Вабо, гуруснагию ҷаҳлу ноҷавонмардӣ, Зи зиндагонии душвор мурдан осон шуд. Биканд дасти қазо дафтари саодати мо, Варақ-варақ ба ҳама гӯшаҳо парешон шуд… Вале гузашт, бале, он замони наҳс гузашт,…
