ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН
Ватан сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои худро дар рӯи он гузошта, аз оби зулолаш нӯшида, аз ҳавои софу муаттараш нафас кашида, чун модар дӯсташ медорем. Муҳаббат ба Ватан аз давраи хурдсолӣ оғоз ёфта, баъдан ташакул меёбад. Ватан ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ. Ту қиматтарин неъмат барои мо фарзандонат…