ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ МАЪЛУМ ШУД
Бо ташаббуси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1 то 7 ноябри соли 2025 дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи волейбол байни донишҷӯёни факултетҳо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Ширинзода Муҳиддин Исмоил – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Шарипов Маҳмадкарим…
