МАСИРИ МУШКИЛИ БЕДОРӢ (Бардошт аз ёддошти С.Ятимов «Марди шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»)
Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чи қадар аз мо дуртар шаванд, ҳамон қадар ба умқи аҳаммияти ин фоҷиаву мусибати одамон сарфаҳм меравем. Хайрият, ки инсон қобилияти фаромӯш кардану умед бастан ба ояндаи нек, амалӣ кардани ормонҳоро дорад. Онҳое, ки заҳри ғарибӣ чашидаву пайвандонашонро ба хоки бегона супоридаанд, чи хотироти ҳазину сӯзандатар думболагирашон аст. Шукр мекунем, ки…
