НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ЧЕҲРАНИГОРИИ ШАХСИЯТИ СОХТМОНЧИЁН (ДАР МИСОЛИ ПУБЛИТСИСТИКАИ БАХТИЁР МУРТАЗО ВА ШЕРАЛӢ МӮСО)
Раванди инъикоси бунёди иншооти роҳи оҳану мошингард, кандани нақб, аҳаммияти бунёди нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ диққати адибону публитсистон, бахсус Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсоро ҷалб намудааст. Профессор Н. Салихов менависад, ки ин адибону публитсистон «…ба сохтмонҳои азим рафта, ё бевосита дар бригадаҳои сохтмончиён меҳнат карда, доир ба корнамоиҳои бунёдкорони иншоотҳои…
