ВИЖАГИҲОИ ПУБЛИТСИСТИКАИ КИТОБИИ ХАТЛОН
Эҷоди осори публитсистӣ дар радифи адабиёти бадеӣ, илмӣ, журналистика ва нақши боризи он дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ ва таҳрики тафаккури ҷомеа таърихи қадима дорад. Муҳаққиқони соҳаи журналистика онро ба давраи қаблазжурналистӣ ва адабиёти классикӣ мансуб дониста, зарурати мавҷудияти онро барои баёни матлаб ва водор кардани мардум ба андеша оид ба масъалаҳои доғ таъкид кардаанд. …
