ТАҶАССУМИ СИМОИ ҚАҲРАМОНИ АСОСӢ ДАР ҚИССАИ ҲУҶҶАТИИ «ҚАҲРАМОНИ НУРОФАРОН»-И ҶАМОЛИДДИН ТОШМАТОВ
Дар асари публитсистӣ образ на маҳсули тахайюли рангин ё фантазияи нависанда, балки шахси воқеӣ мебошад. Он ба факти воқеӣ иртибот дошта, ба ҳодисаву воқеаҳое, ки дар замону макони муайян ба амал меоянд, вобаста аст. Симои ӯ дар заминаи чунин ҳодисаю воқеаҳо ташаккулу таҷассум меёбад. Мақсаду мароми нависанда ҳам бо ёрии чунин образҳо ифода гардида, андешаи…
