ФАРЗОНАИ САФАРАЛӢ: САЪЮ ТАЛОШ КАФИЛИ ПИРӮЗИСТ
Илму дониш, маърифат ва фарҳанг дар рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд, аз ин рӯ, ҷавонони китобдӯсту равшанзамир қутбнамоеянд, ки дар пешрафти давлату миллат саҳми босазо мегузоранд. Фарзонаи Сафаралӣ яке аз чунин ҷавони маърифатдӯст аст, ки бо саъйю кӯшиши пайваста, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори…
