Имрӯз 18 – уми марти соли 2025 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз – маҳсули тафаккур ва андешаи мардум” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо ҳайати профессорон, аъзоёни расёст, аз дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи ҷашни аҷдодӣ Наврӯзи байналмилалӣ буд, дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ, ки аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ орода шуда буд, аз ҷумла таомҳои миллии Наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Чорабинии тантанавии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд.
Ректори донишгоҳ қайд кард, ки маҳз Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот дар тули ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.
Воқеан, Наврӯз ҷашни зиндагисоз аст, зеро дар ин айём табиат эҳё шуда, дар ҷону руҳи инсон умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад.
Дар идомаи чорабини ба як қатор устодоне, ки фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудаанд бо ифтихорномаю сипсономаи раёсати донишгоҳ қадрдони карда шуданд. Ҳамзамон ба як қатор омӯзгорон ифтихорнома ва аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Левакант”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаш намуда хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.



