Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Бонувони саодатманди кишвар! Модарону хоҳарони азиз! Бо камоли эҳтирому сарфарозӣ ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва арҷгузории беандоза нисбат ба Зан – Модар ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатию хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайзро таманно дорам. Воқеан, Зан…