Ба истифода супоридани факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар

23.03.2019 10:20, шаҳри Бохтар

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани  Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳ иштирок намуданд. Пешвои миллатро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои нави таълимӣ муҳаёгардида шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Хабар дода шуд, ки ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. Барои сохтмону ҷиҳозонидани бинои чорошёнаи Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи мазкур бештар аз 6 миллион сомонӣ харҷ шуда, он дар муҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳи олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро соҳиб аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 ҳазору 340 нафар тариқи буҷавӣ,  10 ҳазору 420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охири фаъолияташ бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифро омода намудааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Феълан донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим мебошад. Ин муассисаи олии таълимии касбӣ бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ 29 озмоишгоҳ, 2  кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои наврӯзии Сарвари давлат тақдим карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар Маҷмааи варзишӣ пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, паридан ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати  як гектар мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин иншоот барои кулли намудҳои варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ карда, онҳоро ба фаро расидани Наврӯзи некпай таҳният гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки басо ҷолибу диданӣ буд, анҷомбахши боздидии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.