Раёсати таълим  аз рӯзи ташкилёбии донишгоҳ аз соли 1978 фаъолияти худро оғоз намуд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. 

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайян ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд.

Аз сабаби он ки донишгоҳ ҳамчун муассисаҳои олии таълимӣ ва таълимгоҳ ба шумор меравад, раёсати таълим ҳамчун воҳиди асосии сохтори донишгоҳ ҳисобида мешавад.

Раёсати таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълимии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд.

Ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишгоҳ, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷро тақозо мекунад, ки дар сохтори мактаби олӣ раёсати таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд.

Вазифа ва ҳадафҳои раёсати таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд. Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст.

Нақшаҳои таълимии донишгоҳро барои соли таҳсил ва нимсола ба нақша гирифта, иҷроиши онро назорат мекунад. Аз тарафи факултетҳо иҷро намудани нақшаҳои таълимии ҷорӣ, ҷадвалҳои ҷараёни таълим, нақшаҳои инфиродӣ ва барномаҳои кории омӯзгорони кафедраҳо мунтазам таҳти назорати масъулини Раёсат қарор мегиранд. Иҷроиши фармону мактуботи дастуроти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масоили корҳои таълимӣ ва таълимию методӣ сармашқи кори раёсатанд. Тартиб додани ҷадвали дарсҳо, имтиҳонот, лоиҳаҳо, фармонҳо, дастурҳо, тавсияҳо ва маслиҳатҳои маъмурияти донишгоҳ доир ба тамоми корҳои таълимӣ ва таълимию методиро низ кормандони раёсат назорат менамоянд. Вазифаҳои дигари муҳиме, ки ба Раёсати таълим вогузор шудаанд, инҳоянд:

  • гузаронидани санҷиши сифати тамоми шаклҳои машғулиятҳоитаълимӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои онҳо;
  • омода намудани имтиҳоноти сессия, имтиҳоноти давлатӣ, ва ташкилнамудани ҳимояи рисолаҳои дипломии донишҷӯён;
  • назорат намудани синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, кабинетҳо вабиноҳои дигари таълимӣ;
  • тибқи нақшаи корӣ омода намудани маводҳои зарурӣ оид ба масълаҳои таълимӣ вобаста ба дастуру супоришхои ректор ва ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҷаласаи Шӯрои илмӣ ва Раёсати донишгоҳ;
  • ҷамъбаст намудани фаъолияти кисми таълим ва талаб намудани ҳисоботҳо аз шӯъбаҳо ва бахшҳои зертобеъ;
  • дар як сол як маротиба тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Призеденти ҶТ пешниход намудани ҳисоботи оморӣ;
  • назрат намудани фаъолияти деканҳои факултетҳо ва кафедраҳо, оид ба баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим.

Кисми таълим тамоми кӯшишро ба татбиқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва Барномаи давлатии дар асоси он қабул шуда, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони забондон равона намуда истодааст. Дар ин самт аллакай якқатор чорабиниҳоро ба иҷро расонида шуданд.

Диққати асосӣ дар ин давра асосан ба такмили шакл ва мундариҷаи таълим, баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагон равона шуда буд. Ба ин мақсад дарсҳои омӯзгорон мунтазам мавриди назорат ва таҳлил қарор гирифта, мундариҷа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷории сатҳи дониши таълимгирандагон ба куллӣ дигаргун карда шуд. Гузаронидани машғулиятҳои фардӣ, назорати саривақтӣ аз болои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва иштироки онҳо ба дарсҳо имкон доданд, ки масъулияти донишҷӯён нисбати таълим беҳтар карда шавад.

     АШӮРОВ Наимҷон Амонқулович

Сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав

ИЗЗАТУЛЛОЕВ Фируз Достиевич: 20-уми сентябри соли 1979 дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Таҳсилро солҳои (1986-1994) дар мактаби миёнаи №26 ва солҳои 1994-1996 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Данғара гирифтааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1996-2001) мебошад. Солҳои 2002-2006-ум омӯзгори фанни математика ва ҳамзамон ҷонишини директор оид ба тарбия (2002-2003) ва таълим (2003-2006) дар Мактаб-парваришгоҳи ба номи Ю.Н. Логинови шаҳри Бохтар.  Аз соли 2006 то инҷониб омӯзгори кафедраи информатика соли 2006 – омӯзгори фанни математика дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, Солҳои 2007 – 2008-ум котиб-оператор ва танзимгари шӯъбаи ғоибона, соли 2008-оператори маркази имтиҳонгири компютерӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2009-2012-ум мушовир-оператори маркази таҳсилоти ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2013-2016-ум ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети информатика, солҳои 2016- 2019-ум мутахассиси Раёсати таҳсилоти ДДҚ ба номи Носири Хусрав кор намудааст.

Аз соли 2020 то ба ҳол дар вазифаи муовини сардори Раёсати таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад

ХОЛМАТОВ Саид Нурматович 30-юми июни соли 1958 ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Таҳсилро солзои 1965-1975 дар мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Вахш (ҳозира МТМУ №2-и ноҳияи Бохтар)  гирифтааст.

Хатмкардаи факултети тариху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хӯҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) солҳои 1975-1979. Омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбекӣ МТМУ №2-и н. Бохтар (1979-1991), саромузгори кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ (1991-2006), роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои гуманитарии донишгоҳ (2007-2010), ҷонишини сардори сатҳи сифати таҳсилот (2010-2011), роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ ва ҳамзамон саромузгори кафедраи забони тоҷик (2011 то ҳол) кор намудааст.

Аълочии маорифи халқи ҶТ (1987), чандин дафъа аз тарафи маъмурияти донишгоҳ сазовори мукофот ва ифтихорномаҳо ноил гаштааст.

Аз  соли 2011  то  ҳол роҳбари  таҷрибаи  омӯзгории фанҳои гуманитарии  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав фаъолият дорад.

ЯТИМОВ Амирбек Раҷабович 25-уми сентябри соли 1966 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадаааст.

Таҳсилро солҳои 1973-1983 дар мактаби миёнаи №4 шаҳри Норак гирифтааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1984-1990-ум донишҷӯи  Донишкадаи  педагоги  забон ва  адабиёти русӣ  ба  номи  А.С.Пушкин  дар  ш.Душанбе, ихтисоси  забон  ва  адабиёти  русӣ, солҳои  1991-1995-ум омӯзгори  фанни  забон  ва  адабиёти  русӣ  МТМУ  №4-и  ш. Норак, солҳои  1995-2005-ум ваколатдори  калони  ШКҶ-и  ШКД-и  ш. Норак,  солҳои  2005-2008-ум ваколатдори  калони  ШКҶ-и  ШКД-и  н. А.Ҷомӣ, солҳои 2008-2011-ум донишҷӯи  Академияи  Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, солҳои  2008-2011-ум сарваколатдори  шуъбаи  кадрҳои  ШКД-и   ш. Норак фаъолият намудааст. Ҳамчунин дорандаи медали ҷашнии 45- солагии Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945 (2017), Медали фахрии иштирокчии муҳорибаҳо барои барқарорсозии сохти Канститутсионӣ солҳои 1992-1997 дар ҶТ (2017) мебошад.

Аз  01-03-2015  то  ҳол роҳбари  таҷрибаи  истеҳсолии  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав кор намуда истодааст.

ХОҶАЕВ Наврузхуҷа Холмуродович: 19 –уми марти соли 1980 дар деҳаи Хушдилони  Ҷамоати деҳоти Лоҳури  ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Соли 1987 – 1995-ум дар мактаби миёнаи №52 ва солҳои 1995 – 1997 дар мактаб интернати №1-и ноҳияи Данғара таҳсил намудааст. Пас аз таҳсил солҳои 1999 – 2001-ум дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳизмати ҳарбиро адо намудааст.  

Солҳои 2002-2006-ум донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2006-2008-ум омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2008 -2012-ум ба вазифаи мутахассиси Раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2012-2019-ум ба тариқи гузариш ба вазифаи мутахассиси соҳаи омор ва иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва аз 2 феврали соли 2019-ум ба вазифаи омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор намудадааст.

Аз 12 августи соли 2020 то ҳол  муттахассиси шуъбаи омор ва иттилооти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.

ХУДОЙНАЗАРОВ Рустам 1 январи соли 1965 дар хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониён ба дунё омадааст.

Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1989 – 1994-ум  омӯзгори МТМУ- и №19. ноҳияи Кӯшониён, солҳои 1994 – 1999-ум коромӯзи кафедраи МТМ – и ДДОТ (ҳозира С. Айнӣ), солҳои 2000 – 2003-ум аспиранти кафедраи МТМ-и ДДОТ (ҳозира С. Айнӣ), солҳои 2003 – 2006-ум ҷонишини декан оид ба таълими факултаи МТИ- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2006 – 2012-ум омӯзгори кафедраи методикаи таълими математикаи- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2012 – 2014-ум ҷонишини декан оид ба корҳои  тарбиявии факултети физика- математикаи  Донишгҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор кардааст.  

Аз 1-уми сентябри соли 2014 то ҳоло вазифаи мудири шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусравро ба уҳда дорад.

ҲАМРОЕВ Қурбоназар Маҳмадрасулович  20-уми январи соли 1991 дар маҳалаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуповонаи ноҳияи Ёвон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст.

Аз соли 1997 то 2009 дар МТМУ  №49-и зодгоҳам таҳсил намудааст. Солҳои 2009-2013-ум Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси забони англисӣ хатм кардааст.  Солҳои 2013 то 2015 магистранти кафедраи Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ буд. Солҳои 2015 то 2017-ум омӯзгори фанни забони англисии мактаби миёнаи умумии №49-и ноҳияи Ёвон  кор кардааст. Ҳамчунин, аз соли 2019 дар зинаи  доктор PHD таҳсил намуда истодааст.  

Аз  соли 2017  то ҳол дар вазифаи мутахассиси Раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.

             МУДИНОВ Бадриддин Сайфуддинович 27 январи соли 1979 дар Ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахш ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна 1996-2001-ум донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2001-2008-ум дар вазифаи Мудири лабараторияҳои кафедраи кимиёи умумӣ  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2008-2014-ум ба тариқи гузариш ба вазифаи мутахассиси маркази бақайдгирии низоми кредитии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2015-2020-ум дар вазифаи Бақайдгирандаи маркази бақайдгири ва машварати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор намудааст.

Ҳоло дар вазифаи Мутахассиси раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар фаъолият дорад.

  САМИЕВ  Усмонали  Абубарович  25-уми  ноябри  соли  1998 дар маҳалаи  Камсамоли Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба дунё омадааст.  

Соли  2005  ба  синфи  1-ум  дар  мактаби  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №35-и  ноҳия  қадам  ниҳодааст. Пас аз хатми мактаби миёна  барои  идомаи  таҳсил  ба  тариқи  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ихтисоси  Сиёсат  ва  идораи  давлатии факултети  Сиёсат  ва  идораи  давлатии Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  дохил  шуда онро бо  дипломи  аъло  хатм  намудааст. Аз 07.08.2020 магистранти донишгоҳ мебошад. 

Аз  26.08.2020  ба  ҳайси  котиб-оператори  Раёсати  таҳсилоти Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  фаъолият  дорад.

        ҚУРБОНОВ Нуралӣ Ёқубович  

10-уми феврали соли 1995 дар деҳаи Тоҷирони  Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 2002-ум ба синфи якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Леваканд қадам ниҳода онро соли 2013 хатм кардааст. Пас аз анҷоми таҳсил соли 2013 шомили ихтисоси автоматонии системаҳои коркарди иттилооти факултети матетатика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда, онро соли 2020 бо хатм кардааст.

Собиқаи кории ӯ аз замони донишҷӯияш оғоз гардида, соли 2015- ум  то 2019 дар Бахши омори  шаҳри Леваканти фаъолият намудааст.

Соли 2020 –ум донишҷӯи соли аввали дараҷаи магистри илмҳои математика ва информатика аз рӯи ихтисоси автоматонии системаҳои коркарди иттилоотии Донишгоҳи давлатии Ботар номи Носири Хусрав мебошад. 

Аз 17.08.2020 ба ҳайси котиб-оператори Раёсати  таҳсилот фаъолият дорад.