Масъалагузорӣ дар фаъолияти Шӯрои олимони донишгоҳ

         

Қурбонов Файзалӣ Асадуллоевич – котиби Шӯрои олимони ДДБ ба номи Носири Хусрав

          Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ – методӣ ва молиявию хоҷагидории Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” таъсис дода шуда, фармону супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро асос карда, фаъолияти кории худро мутобиқи Низомномаи худ ба роҳ монда, дар тайёр кардани ихтисосмандони соҳаи омӯзгорӣ ва ғайри омӯзгорӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузошта истодааст.

         Яке аз вазифаҳои асосии Шӯро татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таълими тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт ва мусоидат намудани ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён мебошад.

      Бо ин мақсад Шӯрои олимони донишгоҳ як зумра масъалаҳоро зери назорати доимии худ қарор додааст:

         – муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани неруи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ;

         – татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт;

         – дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;

         – мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;

  • назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

 

Шӯрои олимон вобаста ба раванди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва илмӣ – методӣ Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳро вазифадор намудааст, ки:

– нақшаи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро кафедраҳо дар асоси нақшаи дурнамо аниқу мушаххас намуда, иҷрои саривақтии онро зери назорати қаътӣ қарор диҳанд;

– барои боз ҳам беҳтар ва самаранок гардидани фаъолияти илмию методии омӯзгорони ҷавон онҳоро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар ҷалб намоянд;

– ба сифати иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотии аспирантон, докторантон ва унвонҷӯёни факултетҳо диққати зарурӣ дода, ҳисоботи илмии онҳоро ҳар се моҳ як бор дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва Шӯрои олимони факултетҳо мунтазам мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳанд;

-барои пешниҳоди мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони ҷавон  мудирони кафедраҳо  бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва берун аз он робитаҳои илмиро бештар намоянд;

– аз роҳбарони илмӣ талаб намоянд, ки сатҳу сифат ва аз ҷиҳати илмӣ дуруст иҷро гаштани корҳои курсию рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистриро беҳбудӣ бахшанд;

– фаъолияти маҳфилҳои фанниро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ чораҳои мушаххас андешанд;

– робитаҳои илмиро бо марказҳои илмӣ – методӣ, илмӣ – таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар боз њам хубтар ба роҳ монда, иштироки фаъолонаи омӯзгоронро дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ таъмин намоянд;

– оид ба иҷроиши босифати рисолаҳои хатми бакалавриат, нақшаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва ҳисоботҳои илмии магистрантҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Шӯрои олимон вобаста ба раванди таълиму тарбия ва тартибу низоми ҳуҷҷатгузорӣ қисми таълими донишгоҳро вазифадор намудааст, ки:

– раванди таълиму тарбияро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;

– назоратро аз болои кори роҳбарони гурӯҳҳо пурзӯр намуда, ба иҷроиши самараноки нақшаҳои корӣ ва пурмаҳсул гузаронидани соатҳои тарбиявӣ мусоидат намояд;

– назоратро аз рӯи риояи ҳуҷҷатгузорӣ ва журналдории омӯзгорон дурустар роҳандозӣ намоянд;

– назоратро аз болои кор бо падару модарони донишҷӯён боз ҳам пурзӯр намоянд;

– ҳамкории ќавии мушовирони фанҳои тахассусиро бо таҷрибаомӯзон аз аввал то ба охир дар раванди таҷрибаомӯзӣ таъмин намоянд;

– дар бобати ҷамъбаст намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, натиҷаи таҷрибаомӯзиро дар ҷаласаҳои деканат баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор диҳанд;

– вохӯрию чорабиниҳоро бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки донишҷӯёни онҳо тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, мунтазам баргузор намоянд;

– барои дар олимпиадаҳои умумиҷумҳуриявии байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҷалб намудани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳадаф ва вазифаҳои Шӯрои олимон донишгоҳ аз таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим ба ҳисоб меравад.

Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати кори донишгоҳ аз фаъолияти ҳаррӯзаи ҳайати устодон ва кормандон вобастагии калон дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳама самтҳо натиҷаҳо назаррасанд. Ин бурдбориҳо бо меҳнати содиқонаи ҳамаи устодон ва кормандони донишгоҳ ба даст омадааст.                                                        

Бояд тазаккур дод, ки неруи ақлонию зеҳнии ҳайати омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот равона гардида, дар робита ба ин фаъолият тамоми ниҳодҳо ба се самти асосӣ – таълим, тарбия ва илм роҳандозӣ шудаанд.                        

Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм моро водор менамояд, ки тамоми нерўи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2019) ироа гардидааст, барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарин усулҳо дар ҷараёни дарсҳо, истифодаи техника ва технологияи навтарин дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи бозори ҷаҳонии муосир ҷавобгӯ равона созем.