АБДУЛЛОЕВ Фирдавс Сафарбекович

Директори Маркази таълимии касбомӯзии ДДБ ба номи Носири Хусрав

  (992) 93-600-72-77
  firdavsi-21@mail.ru

Муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзии бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2016, №243 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ноҳияи Хуросон таъсис дода шудааст.
Бояд қайд кард муассисаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи қарзӣ байни Бонки Исломии Рушд дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” бунёд ва таҷҳизонида шудааст.
Марказ дар санаи 25 августи соли 2016 дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат, муҳтарам Коҳир Расулзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нуриддин Саид, раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Сафарзода Хайрулло, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳтарам Шодиён Муҳаммад Султонзода ва дигар шахсони расмӣ мавриди баҳрабардории қарордода шудааст.
Муассисаи мазкур дорои 8 воҳиди корӣ буда, аз кормандони зерин: директори марказ, ҷонишини директор, муҳосиб-хазинадор, мудири хоҷагӣ, кормандони техникӣ: 2 нафар посбон, 2 нафар фарош, фаъолият бурда истодаанд.

Фаъолияти кории худро муассисаи мазкур аз 1 ноябри соли 2016 шурӯъ намуда дар доираи ду лоиҳа ва гурӯҳҳои шарномавӣ то имрӯз фаъолият намуда истодааст.
Муассиса дар доираи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” ва қарордод бо ТҶХ “Ориён” аз 31.10.2016 тибқи нақшаи пешбини -шуда дар курсҳои кутоҳмуддати 1 то 3 моҳа аз рӯи касбҳои муҳосиб бо донистани компютер, дӯзанда, бофанда, ороишгари дохили бино, дизайнери либос, сартарош-ороишгари мӯй, ошпаз, қаннод, фурӯшанда-ташкилотчӣ, челонгари таъмири автомобил, кафшергари барқӣ-газӣ, ва қолинбоф, ҷамъ: 632 нафарро ба таълим фаро гирифта, соҳиби шаҳодатномаи касб гардонидааст. Аз он ҷумла ҷавондухтарон ва ҷавонписарони аз 15-24-сола 342 нафар ва занони бекасби хонанишини 24-49-сола 290 нафарро ташкил намудаааст.

Марказ дорои 10 синфхона ва утоқҳои корӣ буда, бо мебелу таҷҳизотҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Баъди эълон гардидани озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти грантҳои хурди Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, муассиса бо лоиҳаи худ иштирок намуда, аз ҷониби Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баҳогузорӣ гардида ғолиб дониста шуд.
Шартнома бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2017, №1/16 ба маблағи 163495 сомонӣ баста шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Дар асоси дастури амали грантҳои хурд аз 31.10.2016, 5%-и омӯзиш, яъне 8605 сомонӣ аз ҳисоби шунавандагон ҳиссагузорӣ карда шудааст.
Дар доираи гранти хурди Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” аз рӯӣй ҳафт касб муҳосиб бо донистани компютер, дӯзанда, бофанда, монтёри барқӣ, челонгар оид ба таъмири автомобил, кафшергари газию барқӣ ва сартарош ороишгари мӯй ҳамагӣ 192 нафар шунаванда ба таълим фаро гирифта шудаанд, аз он ҷумла занҳо 112 нафар, мард 80 нафар мебошанд, ки ҳамаи хатмкунандагон соҳиби шаҳодатномаи касб гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин лоиҳа ба маблағи 51500 сомонӣ таҷҳизотҳои иловагӣ ворид гардидааст.
Ҳамзамон дар радифи амалӣ намудани лоиҳаҳо муассиса шаҳрвандонро бо тариқи шартнома бо арзиши 150 сомонӣ барои як нафар дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба таълим фаро гирифта то имрӯз 68 нафар хатм намудаанд аз инҳо 19 нафар сертификат, 34 нафар шаҳодатномаи касб ва 15 нафар бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатнома соҳиби шаҳодатнома нагардидаанд.
Муассисаи мазкур бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2018, №1672 “Дар бораи ҳамроҳ намудани марказҳои таълимии касбомӯзи дар сохтори муассисаҳои давлатии таълимӣ” ба сохтори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дароварда шуда дар ин давра Оинномаи нави марказ аз ҷониби шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардид.
Ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2018, №3298 дар базаи маркази мазкур шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил карда шуд ва Низомномаи шӯъба аз тарафи шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шудааст.
Дар санаи 25.08.2018 комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Муассиса ташриф оварда, хулосаи худро пешниҳод карданд.
Маъмурияти муассиса дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Хуросон ва шӯъбаи маорифи ноҳия номгӯи нақша-чорабиниҳоро оид ба ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ташкили гурӯҳҳо дар маҳал ва гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ, шаҳрак ва ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия мавриди амал қарор дод.
Дар натиҷа дар ҳудуди ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия, ки аксарият шароити гузаронидани дарсҳоро доранд, гуруҳҳои курсҳои кутоҳмуддат ташкил карда шуда истодаанд.