ДИРЕКТОРИ МАКАЗИ ТАҲСИЛОТИ  ФОСИЛАВӢ (ҒОИБОНА)

САИДНУРИДДИНЗОДА Аҳлиддин Саиднуриддин   (тав. 27. 02. 1986, д. Гулзори Ҷ. д. Ҷомбахти н. Ховалинг», номзади илмҳои педагогӣ (2011), дотсент (2015. Аълочии маориф Тоҷикистон (2014)  Таҳсил дар МТМУ-и № 12-и н. Ховалинг (1992–2003). Хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусравро бо дипломи аъло (2008). Солҳои 2008–2011 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ҳамин донтшгоҳ таҳсил кардааст. Соли 2011 дар мавзӯи «Масъалаи тарбияи ватандӯстии хонандагони синфҳои болоӣ тавассути таъриху кишваршиносӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаааст.

Дар давоми фаъолияти кориаш дар донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент (2008), омӯзгор (2011), мудири «Кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ» (2012–2017), декани факултети таърих ва ҳуқуқ (2017–2020) кор кардааст. Инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, соли 2017 ба вазифаи раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таъйин шудааст.

Барои хизматҳои бенуқсон бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012, 2017), нишони фахрии Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои кори шоён» (2015) сафароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2015), ҷоизаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вил. Хатлон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2011).

Барои саҳм гузоштан дар татбиқи илм ва инноватсия «Беҳтарин олими ҷавони соли вил. Хатлон дар соли 2017» пазируфта шудааст. Узви ИЖ Тоҷикистон (2011). Бо ибтикори ва пешниҳоди бевоситаи ӯ ҷиҳати тарғиби асари гаронбаҳои «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ моҳе ду барномаи телевизионии «Як китоби хуб» дар телевизиони Хатлон гузаронида мешавад, ки дар он бевосита худи вай ширкат ва суханронӣ намудааст. Ӯ муаллифи ду монография: «Краевед-патриот» (2012), «Из истории этнографического изучение Южного Таджикистана» (2017), 62 мақолаи илмӣ-оммавӣ, ду дастури таълимӣ – методӣ, 3 китоби тарҷумаиҳолӣ (дар ҳаммуалифӣ) мебошад.