сардори маркази тестии ДДБ ба номи Носири Хусрав

  Дустзода Мустафо Ҳафиз  

*аз  сентябри соли 2023 дар вазифаи сардори Маркази тестии   Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав (ДДБ) кор мекунад.

* Соли таваллуд 01 марти соли 1987     * Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб

* Миллат тоҷик                                         * Таҳсилот олӣ

* Соли 2005 мактаб-литсейи №1 ш. Кӯлобро хатм кардааст.

* соли 2010 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав(рӯзона) хатм кардааст

* Ихтисос Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ

* Унвони илмӣ надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ хаст ё не не

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

* Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби 4-фарзанд

* Суроға шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалолиддини Руми 3/17

*Телефон: 888845050, 944445050

 

 

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2005-2010 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

 

Солҳои 2007-2009 Оператори китобхонаи электрони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

 

Солҳои 2009-2014 Оператори маркази компютери Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2014 -2020 Сармутахассиси Маркази тестии   Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2020-2023 Муҳандис-барномасози маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав
Аз соли 2023 то ҳол Сардори Маркази тестии   Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав

                                                   МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАШВАРАТ
Бинобар сабаби ба низоми нави қабули имтиҳонҳои марказонидаи ҷорӣ (ИМҶ), ки шабеҳ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гузаштани донишгоҳамон зарурият ба миён омад, ки маркази имтиҳонгирии компютериро, ки аз соли 2005 фаъолият дошт ва имрӯз ба талаботҳои муосири ҷаҳонишавии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавоб дода наметавонист, раёсати таҳсилоти донишгоҳ дар зерсохтори худ дар заминаи собиқ маркази имтиҳонгирии компютерӣ маркази нав бо номи Маркази бақайдгирӣ ва машварат ва ҳамзамон таҳияи сохтор ва Низомномаи онро пеш аз оғози соли нави хониш таҳия намуда, манзури кафедраю факултаҳо намояд. Маркази бақайдгирӣ ва машварат, ки аз 01.07.2015 дар асоси собиқ маркази имтиҳонгирии компютерӣ амал менамояд ва иборат аз шаш бахши асосӣ мебошад, ки инҳоянд:
1. Бахши шабакаи интернетӣ.
2. Бахши имтиҳонҳои марказонидашудаи ҷорӣ.
3. Бахши бақайдгирандаҳо.
4. Бахши воридот, вариантбандӣ ва натиҷагирии саволҳои тестӣ.
5. Бахши нашру табъи саволномаҳои варақаҳои ҷавоб ва саволномаҳои тестӣ.
6. Бахши таъмин ва назорати ИМҶ бо саволномаҳои тестӣ, варақаҳои ҷавоб.
Дар ҳамин самт дар факултаҳо низ зарурияти ворид намудани тағйирот ба миён омад:
1. Аз ҳисоби воҳиди кории танзимгари факултаҳо таъсис додани вазифаи эдвайзери донишҷӯёни соли дуюм (10 нафар).
2. Аз ҳисоби воҳиди кории эдвайзерони то имрӯз фаъолиятдошта таъсис додани вазифаи бақайдгирандагони МБМ ва ҳамзамон эдвайзери донишҷӯёни соли якум (10нафар).
3. Аз ҳисоби ҷонишини декан оид ба таълим таъсис додани эдвайзери донишҷӯёни соли сеюм ва чорум (10нафар).
Дар маркази бақайдгирӣ ва машварат (МБМ) ба ҷойи вазифаҳои сароператорони то имрӯз амалкунандаи собиқ МИК зарурияти ворид намудани вазифаҳои нав ба монанди сармутахассисон ва мутахассисони бахши имтиҳонҳои марказонидашудаи ҷорӣ, инчунин дар қисми таълим ба ҷойи вазифаи мутахассиси бахши таҳсилоти кредитии таълим вазифаҳои нав бо номи сармутахассиси бахши бақайдгирии офиси №1 барои бақайдгирии тахассусҳои ғайриомӯзгорӣ ва мутахассиси бахши бақайдгирии офиси №2 барои бақайдгирии тахассусҳои омӯзгорӣ пеш омад.
Ба хотири омода намудани кормандон аз рӯйи сохтор ва вазифаҳои нав барои соли таҳсили 2015-2016, МБМ тибқи дастури раёсати донишгоҳ аз 29.06.2015 дар ҳаҷми 40 соат машғулиятҳо, ки 20 мавзӯъро фарогир буд (03.08.2015 то 14.08.2015), дар толори китобхонаи электронии донишгоҳ ҳамчун семинар –озмун бо номи “Технологияи навин- кафолати шаффофият” доир намуд. Семинар-озмун бо мақсади тайёр намудани бақайдгирандагон, эдвайзерон, ҷонишинони декан оид ба таълим – эдвайзерон, мушовир-эдвайзери таҳсилоти ғоибона ва мутахассисони бахши ИМҶ гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти семинар бо иштироки намояндагони раёсати таҳсилот аз натиҷагирии сатҳи касбии иштирокчиёни семинар бо истифодаи низоми холдиҳии рейтингии 100-хола баҳогузорӣ гардид.
Маркази бақайдгирӣ ва машварат дар айни ҳол дорои воҳидҳои кории сардор (Хайров А.Г.), муҳандис (Абдуллоев Т.), сармутахассисон (2 нафар), мутахассисон (7 нафар), бақайдгирандагон (9 нафар), эдвайзерон(10 нафар), китобдорон (2 нафар), ҷамъ 32 нафар корманд мебошад. Бо фармоишӣ ректори донишгоҳ № 92Б-Фа аз 28.12.2017, дар асоси Қарори Шурои олимони донишгоҳ №5 аз 25.12.2017 номи “Маркази бақайдгирӣ ва машварат” ба номи “Маркази тестӣ” иваз карда шуда дар зерсохтори “Маркази тестӣ” бахши бақайдгирӣ ва машварат (Офис-1; Офис-2) кушода шуда ҳамзамон Хайров Ашуралӣ Гургакович сардори “Маркази тестӣ” –ро ба уҳда дорад.

Маркази тестии донишгоҳ шабеҳ ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-и ММТНПҶТ бо номи бахши имтиҳонҳои марказонидаи ҷорӣ (ИМҶ) (с.2014) таъсис ёфтааст. Баҳри пешбурди кор дар ин самт барномасозон аз ММТНПҶТ муваққатан тариқи шартнома ба донишгоҳ ҷалб карда шуданд. Дар давоми се сол (2014 то 2017) барои амали кардани технологияи нави имтиҳонсупорӣ – як сканери босуръат, ду сервери бузургҳаҷм, чор принтери суръатбаланд, як барномаи имтиҳонӣ (ABY), як таҷҳизоти то шаш соат нигоҳдорандаи барқ – (УПСА), иловатан боз се нуқтаи интернет, 16 компютерҳои ҳамроҳ, чор компютери хотирааш калон ворид карда шуд. Ҷиҳати дастрасии возеҳтари иттилоъ оиди раванди сессияи имтиҳонӣ “Дастурамали Имтиҳонҳои Марказонидаи Ҷорӣ” (с. 2015) руи кор оварда шуд.
Бо қарори Шурои Олимони ДДҚ ба номи Носири Хусрав таҳти рақами №5 аз 25. 12. 2017 сохтори маркази тестӣ иборат аз ҳафт бахши мухталиф барои фаъолият кардан тасдиқ гардид.