КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муқадима

Консепсияи миллии тарбия (минбаъд Консепсия) сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов тарбияи кўдакону наврасон ва ҷавононро дар рўҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрўзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Консепсия бо дарназардошти анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан интихоб ва амалӣ намоянд.

Консепсия тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодӣ аз қабили Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи журналистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи меъморон, Иттифоқи арбобони театрӣ, иттифоқҳои дигари эҷодӣ, воситаҳои ахбори умум; нашриёт ва чопхонаю матбааҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттифоқҳои касаба, созмонҳои ѓайриҳукуматӣ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат, театрҳо, Филармонияи давлатӣ, консерватория, дастаҳои «Шашмақом» ва «Фалак», китобхонаҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои ҳифзи саломатӣ ва фароѓатӣ, боѓҳои истироҳат ва фарҳанг, ташкилотҳои ҷавонон, муасссисаҳои таълимию тарбиявӣ ва тамоми ҷомеаро вазифадор ва даъват менамояд, ки дар бобати тарбияи миллии аҳолии кишвар фаъол буда, дар амалӣ намудани барномаю тадбирҳои давлатии ин масъалаи муҳими аҳамияти бузурги иҷтимоию ахлоқӣ дошта саҳмгузор бошанд.

 

  1. I. Зарурияти таҳия ва қабули Консепсия

 

Дар шароити имрўза зарурияти таҳия ва қабули Консепсия аз инҳо иборат аст:

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурѓановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила аст.
  2. Пас аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо вобаста ба таълиму тарбия фикрҳои солим ва арзишнок гуфта шудаанд. Аммо илми педагогика собит менамояд, ки тарбия, аз рўи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқаддамтару васеътар аст. Мутаассифона, ҳуҷҷате, ки дурнамои тарбияи миллӣ, ҳадаф, вазифа ва мазмуну мундариҷаи онро вобаста ба сиёсати давлати соҳибистиқлол ва арзишҳои миллию башарӣ муайян намояд, то ҳол таҳия нагардидааст. Консепсияи мазкур таҷрибаи нахустин буда, тарбияи миллии тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро дар назар дорад.

 

  1. II. Асоси методологӣ ва сиёсати

давлатӣ дар соҳаи тарбия

 

Асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад. Мўҳтавои ин методология дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид ёфтааст.

Давлат дар сиёсати худ перомуни тарбияи миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад, ки дар тарбияи миллӣ фазои ҳуқуқӣ фароҳам оварда, санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул ва дар амал татбиқ карда шаванд. Муассисаҳои давлатӣ таълим ва тарбияро барои тарбияи шаҳрвандон таъсис дода, шароит муҳайё месозанд, ки:

— дар ҷомеа ба дигарақидагӣ, озодии сухан, виҷдон, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ дар доираи қонун касе халал нарасонад;

— тавассути адабиёти илмию оммавӣ, бадеӣ ва аз тариқи васоити ахбории умум маводи дорои мазмуни тарбияи миллӣ ба шаҳрвандон дастрас гардад.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро мебинад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз хурд то калон, дар асоси ҳуқуқҳои конститутсионӣ зиндагӣ, кор ва фаъолият намоянд. Намуна ва ибрати шоиста будан, пеш аз ҳама, рафтору гуфтори мансабдорони мақомоти давлатӣ, сарварони муассисаҳоро мутобиқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ талаб карда, дарк ва ҳисси масъулиятшиносии падару модарон ва шахсони калонсолро дар тарбияи насли наврас баланд мебардорад.

Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардўстии анъанаю расму оинҳои мусбати миллии кишварро дар тарбияи мардум дастгирӣ карда, барои истифодаи осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ, динӣ ва асару дастурҳои Сарвари давлат доир ба тарбияи шаҳрвандон тадбирҳо меандешад.

Тарбия ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кўдакон, наврасон, ҷавонон, кўдакони ятиму бепарастор, нафақагирону пиронсолонро дар оила, кўдакистонҳо, мактабҳо, хонаҳои бачагон ва калонсолону маъюбон таъмин карда, ба тарбияи ҷавонон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати духтарону занон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю оиладорӣ ва ба камол расонидани фарзандони солим мусоидат менамояд ва ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодии муаллимону мураббияҳо ва парасторонро, ки ба тарбияи кўдакон, наврасон ва калонсолон дар муассисаҳои гуногуни табобатию тарбиявӣ машѓуланд, ҳимоя менамояд;

Рушд ва дастгирии муассисаҳои тарбиявию фароѓатӣ, аз ҷумла истироҳатгоҳҳои фасли тобистонро ба ўҳда гирифта, наврасону ҷавонони боистеъдодро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ менамояд.

Саҳм, масъулият ва фаъолияти вазоратҳои маориф, фарҳанг, тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодиро дар тарбияи мардум, аз ҷумла насли наврас, баланд мебардорад ва ҳамоҳанг месозад.

Дар ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни варзиши миллиро ривоҷ медиҳад. Ташаббуси сарпарастон ва дигар одамони саховатмандро дар бобати муҳайё намудани шароити корҳои тарбиявӣ дастгирӣ менамояд.

Ҳарчанд ки тарбия вазифаи умумӣ ба ҳисоб меравад, аммо масъулияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи он бештар мебошад. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зеринро амалӣ мегардонад:

  • таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ бо мақсади пурқувват намудани самти амалию тарбиявии онҳо ва ноил шудан ба гуманнизатсияи мазмуни таълим;
  • тарбияи маниши (характери) миллӣ ва тафаккури миллӣ;
  • таҳияи талаботи умумӣ ва ягонаи тарбияи кўдакону наврасон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълим, оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;
  • таҳияи системаи корҳои тарбиявӣ, ки тавассути онҳо падару модарон ҳамчун шарики доимии мактабу муаллим ҷалб карда мешаванд;
  • ташкили вохўриҳо ва сўҳбатҳои мунтазами одамони машҳур, роҳбарони муассисаю вазоратҳо бо наврасону ҷавонон;
  • пурзўр намудани мавзўъҳои тарбиявии барномаҳои курсу семинарҳои такмили ихтисоси муаллимон, роҳбарони синфҳо;
  • мавриди таҳлилу таҳқиқ ва мавзўъҳои корҳои курсию дипломӣ қарор додани масъалаҳои тарбияи миллӣ, аз қабили тафаккури миллӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои фарҳанг, адлия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, амният, мудофиа, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, корҳои дохилӣ, алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатиии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон, занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои эҷодӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони ҳуқуқиву воқеӣ тадбирҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

  • барои амалӣ намудани талаботҳои Консепсияи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд;
  • системаи ахборотию иттилоотии соҳаи тарбияи миллиро таъмин менамоянд;
  • бо марказҳои ҷаҳонии тарбия ва таҳсилот робитаи педагогӣ барқарор менамоянд;
  • дар таҳияи барномаҳо ба масъалаҳои тарбияи миллӣ, ки ба иззати нафси халқ, миллатҳои дигар намерасанд, бештар аҳамият медиҳанд;
  • оид ба забон, адабиёт ва таърихи халқи тоҷик, инчунин сарватҳои моддию маънавии тоҷикон бештар маводи илмию оммавӣ ба нашр мерасонанд;
  • барои нозирони давлатии роҳ андоз, гумрук, тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, савдо ва ѓайра, ки кори ҳамарўзаи онҳо аз муоширату муносибат ва одамон иборат мебошад, доир ба риояи одоби муошират, ҳусни гуфтор, ҳифзи саломатӣ, муҳит ва ѓайра дастурҳо таҳия намуда, иҷрои онро таъмин мегардонанд;
  • барои аз байн бурдани зуроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ тавассути унсурҳои гуногуни тарбия тадбирҳои самарабахш меандешанд:
  • барои тарбияи аскарону афсарони дорои сифатҳои беҳтарин шароит муҳайё месозанд;
  • доир ба тарбияи маҳбусон дар муҳити маҳрумият аз озодӣ шароит муҳайё карда, барои ба тарзи ҳаёти солим баргардонидани онҳо тарзу усулҳои гуногуни тарбияи маънавӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, гуманистӣ, меҳнатӣ, зебопарастӣ ва ѓайраро тадбиқ менамоянд;
  • марказҳои компютерӣ, Интернет, алоқаи электронӣ, ки бо ҷаҳони мутамаддин мепайванданд, ташкил мекунанд;
  • ба бештар саҳм гирифтани оммаи васеи мардум, дар тадбирҳои муҳими давлатию байналмилалӣ, аз ҷумла: гуфтугўйи тамаддунҳо, даҳсолаи об барои ҳаёт, ҷашнҳои миллию давлатӣ, намоишгоҳҳо, ҳафтаи фарҳангу адабиёт, вохўриҳо, бозӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ва ѓайра мусоидат менамоянд;
  • ба тарзи миллӣ сохтану ороиш додани бино ва қасру майдонҳоро ба нақша мегиранд;
  • ба номгузории миллию таърихии хиёбону кўчаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо ҷиддӣ муносибат карда, номҳои шаклан ва мазмунан зебои асотирию миллиро эҳё менамоянд;
  • чопи «Зиндагиномаи намояндагони машҳури миллат», нашри китобҳо бо нақшу нигори миллиро ба роҳ мемонанд;
  • истеҳсоли маҳсулоти миллӣ, аз қабили: обҳои маъданӣ, нону шириниҳои гуногун, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои заргарӣ, кулолӣ, сўзанӣ, қолину атлас, чойнику пиёла, аз гиёҳҳои ватанӣ омода намудани дорувориҳои гуногунро ривоҷ медиҳанд.
  • фаъолияти Кумитаи Олимпии варзиш, дастаҳои футболи миллӣ, гўштини миллӣ, бозиҳои миллӣ, чавгонбозиро пурзўр менамоянд;
  • дар баробари рамзҳои давлатӣ, барои эҷод ва ҷорӣ намудани рамзҳои дигари миллӣ озмунҳо мегузаронанд.

 

III. Мафҳум, мақсад, вазифа ва заминаҳои тарбияи миллӣ

 

Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

Мақсади тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондўстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дўст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

IV.Унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин кишвар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, қатъи назар аз миллат, нажод, эътиқод, ҷинс, забон, эътиқодҳои динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ баробар тарбия мегиранд. Ҳамаи шаҳрвандон метавонанд фарзандонро дар рўҳи анъана ва арзишҳои миллии худ тарбия намоянд, ба шарте ки он хилофи арзишҳои умумидавлатии Точикистон ва манфиатҳои кишвар набошад.

Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудаанд, менталитет ё маҷмўи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмўи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомўзӣ, заҳматписандию, таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷўӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, шикастанафсӣ, касбу ҳунаромўзӣ, хушбинӣ (оптимистӣ), дўстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накўкорӣ, адлу адолатҷўӣ, дастгирии ятимону мўҳтоҷон, канораҷўӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ѓурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ѓайра иборатанд.

Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ аз инҳо иборатанд:

Тарбияи ѓоявӣ. Тарбияи ѓоявӣ категорияи ахлоқӣ буда, мақсади он дар шуури шаҳрванд ташаккул додани ѓояи миллӣ мебошад. Вазифаи асосии ин мафҳум ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёд ва таҳкими ҷомеаи демократӣ, эҳёи хусусиятҳои миллӣ, ҷавобгўи манфиатҳои миллии халқҳои Тоҷикистон, ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тарбияи миллӣ. Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ. Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои ў дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад.

Шаҳрванд бояд қадру қимати худро донад ва онро ҳимоя намояд, аз миллат, таърих ва фарҳанги он бохабар бошад ва онҳоро гиромӣ донад. Худогоҳӣ аз бедории миллии шаҳрванд ба миён меояд ва ўро ба сўи ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд. Ўро барои хизмат кардан ба Ватан ва миллат сафарбар мекунад, ба райъи ў ѓизои ахлоқию маънавӣ ворид месозад. Шаҳрванди хештаншинос ва худогоҳ истиқлолияти давлатии кишвари хешро чун гавҳараки чашм ҳимоя мекунад ва дар ҷодаи ѓанӣ гардидани боигарии моддию маънавӣ ва фарҳангии миллат саҳм мегузорад, ифодагари манфиятҳои миллат мебошад.

Тарбияи ватанпарастӣ. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад.

«Фаромўш набояд кард, ки, — таъкид мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов,-танҳо шахси воқеан ватандўст метавонад дилсўзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».

Тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ. Ин таъсир ба дунёи маънавии шахс аст. Ин сифатҳо на танҳо дар инсон фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкору ҳалолхўрӣ, бо адлу инсоф, саховатманд ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд. Ҳамаи дигар унсурҳои тарбияи миллӣ дар худ ѓояҳои ахлоқию маънавӣ доранд. Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад.

Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърих, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютер, шабакаи «ИНТЕРНЕТ», васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавӣ олами маънавии инсон ѓанӣ мегардад. Тарбияи миллии маънавии инсон нақши асосӣ дорад. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст. Ҳар ду аз ҳамдигар ѓизо мегиранд ва дар тарбияи шаҳрвандӣ вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд.

Тарбияи маърифат. Маърифати шахс аз дониш ба миён меояд. Он ба тарбияи маънавӣ робитаи зич дорад. Фарқи асосӣ он аст, ки дар тарбияи маънавӣ ҷанбаи ахлоқӣ бештар ба назар мерасад. Аз як сарчашма ѓизо гирифтан онҳоро бо ҳам муттаҳид месозад. Вале дар таркиби маърифат бештар ҷанбаи донишу малака, касб маърифатнокии баланди миллат дар доираи илму фарҳанг ва сиёсату ҳуқуқ дар назар дошта мешавад. Маърифат сифатҳои ахлоқӣ ва маънавии миллатро ташаккул медиҳад. Маънавиёт манбаи муҳими тарбияи миллист. Аз ҷиҳати таркиб ва маънавият мафҳуми «шахси бомаърифат» аз мафҳуми «шахси бофарҳанг» ѓанию васеътар мебошад.

Тарбияи ҳуқуқӣ. Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Таркиби он мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар чунин муайян гардидааст:

— ҳуқуқи зиндагӣ, ҳуқуқи таҳсил ва таълиму тарбия, ҳуқуқи пуштибонии ҷамъият, ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва райъпурсӣ, интихоб шудан ва интихоб кардан, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи шаҳрвандии кишвар, ҳуқуқи мусофират ва баргаштан, ҳуқуқи кафолати ҳимояи судӣ, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи маҳрамияти мукотиба, ҳуқуқи дахлнопазирии шахс, ҳуқуқи дахлнопазирии моликият ва мерос гузоштан, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ, хуқуқи ташкили оила, ҳуқуқи ақидаи шахсӣ, ҳуқуқи эътиқод.

Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ѓайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ўро устувор мегардонанд.

Дар баробари ин вазифаҳои сершумори дигари шаҳрвандон низ ҳастанд, ки ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда намешаванд. Ин меъёрҳо аслан аз вазифаю ўҳдадориҳои ахлоқию маънавии шаҳрванд бармеоянд, ки онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста нестанд. Масалан, вазифаи шаҳрванд, дар назди ватан, давлат, ҷомеа, миллат, дар назди оила, омўзгорон, дар ҷои кор, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар назди башар. Аксари инҳо вазифаҳое мебошанд, ки ба меъёрҳои ахлоқи шаҳрванд дохил гардидаанд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо вазифаҳои шаҳрвандро ташкил медиҳанд. Агар вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандонро қонунхо танзим намоянд, пас меъёрҳои дигари вазифаҳои шаҳрвандӣ тавассути ахлоқ, маънавиёт ва афкори ҷомеа баҳо дода мешаванд .

Мақсади ниҳоии тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ў мебошад.

Тарбияи гуманистӣ. Зери ин мафҳум дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эҳсоси дўст доштан, эҳтиром кардан ва раҳму шафқат фаҳмида мешавад. Тарбияи гуманистӣ аз ѓояҳои синфият ва инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва аҳли башар эҳсос кунад.

Тарбияи гуманистӣ дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад: а) дар сатҳи эҳтироми ҳамсинфон, ҳамдарсон, хешу табор, ҳамватанон, ки дар байни онхо намояндагони халқияту миллатҳои дигар ҳастанд; б) муносибати хайрхоҳона доштан нисбат ба халқҳои мамлакатҳои дигари ҷаҳон.

Низоъ, ҷанг, муқобилистии зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тўли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрўз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад. Тарбияи шахси башардўст аввал дар оила оѓоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад. Башардўст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омўзгорон, ёру дўстон, ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои ѓайр зуҳур меёбад.

Тарбияи зебоипарастӣ. Зебоипарастӣ яке аз сифатҳои муҳими инсонро ташкил медиҳад. Он дар инсон ҳар гуна зуҳуроти эҳсос намудани зебоиро ба вуҷуд меоварад.

Манбаи зебоӣ, табиат, ҳар гуна аксҳо, мусаввараҳо, ҳайкалу муҷассамаҳо, асарҳои бадеӣ, нақшу нигор, иншоотҳо, асарҳои саҳнавӣ, суруду мусиқӣ, сару либос, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, лавозимоти рўзгор ва ѓайраҳо мебошанд, ки дар инсон эҳсоси зебопарастӣ ба вуҷуд меоранд. Шинохтани зебоӣ ба шахс илҳом мебахшад, ўро рўҳбаланд намуда дар олами зебоӣ сайр мекунонад. Ќобилияти зебоифаҳмӣ ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки боигарии ахлоқӣ, маънавӣ ва маърифатии хешро ѓанӣ гардонад ва зиндагии зебо ташкил кунад.

Тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ. Меҳнат моҳияти ҷамъиятии инсон ва шаҳрвандро ташкил мекунад. Малакаҳои корӣ дар инсон ҳанўз аз оила ва кўдакистон оѓоз ёфта, аз содда ба мураккаб ва аз каммаҳсул ба самаранок табдил меёбад.

Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб имконият фароҳам меоварад, ки шаҳрванд корро дўст дорад, ошноӣ ва мушоҳида ба намудҳои зиёди шуѓл инсонро водор месозад, ки аз байни онҳо барои худ беҳтаринашро интихоб намояд. Мақсади асосии тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб дўст доштани кор ва аҳли он, инчунин интихоби шууронаи касб мебошад.

Тарбияи иқтисодӣ. Тарбияи иқтисодӣ ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки дар низоми иқтисоди миллии кишвар ва иҷтимоии ҷомеа мақоми худро дошта бошад. Тарбияи иқтисодӣ аз оила оѓоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолот давом меёбад.

Тарбияи экологӣ. Дар асри ХХ ва оѓози асри ХХ1 экология ва ҳифзи муҳити зист аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон гардид. Ба ифлосшавии муҳит на танҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ, нақлиёт ва ѓайра, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд, ки хошок, партовҳои зиндагиро ба ҳар ҷо мепартоянд, дарахтонро мебуранд, кабудизорҳоро нест мекунанд, ҳайвонотро шикор карда, ба камшавии саршумори онҳо сабаб мешаванд, гиёҳҳои шифобахшро решакан карда, мувозинати табиатро вайрон мекунанд. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад.

Тарбияи сиёсӣ. Тарбияи сиёсии шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои сиёсие сарчашма мегирад, ки онҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд.

Тарбияи сиёсӣ аз зарурати фаъолияти сиёсии шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба миён меояд. Шаҳрванд дар фазои сиёсӣ ҳаёт ба сар бурда, бояд сохтор ва нерўҳои сиёсии ҷомеаро донад. Аз ҳуқуқи худ барои иштирок дар идораи давлат истифода бурда тавонад. Узви ҳизби сиёсӣ бошад ва ё ба иттиҳодияи ҷамъиятии дигар дохил шуда, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ширкат варзад. Дар интихобот ба сифати интихобкунанда ва ё интихобшаванда иштирок намояд. Аз тариқи маҷлису гирдиҳамоиҳо ва намоишу роҳпаймоиҳои қонунӣ ақида ва ё андешаи дигари сиёсии худро иброз дорад. Аз ҳуқуқи озодии сухан ва дигарақидагӣ истифода барад.

Мақсади ниҳоии тарбияи сиёсии шаҳрванд аз он иборат аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва майли фаъолияти сиёсии ў ташаккул дода шавад.

Тарбияи ҷисмонӣ. Ин намуди тарбия аз бардаму солим тарбия кардани миллат иборат буда, он тавассути машѓулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои варзишии кўдакону ҷавонон, сексияҳо ва ҷамъиятҳои варзишӣ, тавассути сайру тамошо дар муҳити табиат, истироҳати фаъолона ва амсоли ин иҷро карда мешавад. Шаҳрванди аз ҷиҳати ҷисмонӣ боқувват ба иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда қодир аст. Солимии ҷисмонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва боигарии асосии давлат маҳсуб мешавад.

Тарбияи тафаккури интиқодӣ. Тарбияи тафаккури интиқодӣ омили асосии ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо мебошад. Ташаккули тафаккури интиқодӣ дар амал ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки худро дар ҷомеа ифода намояд ва дар рушду нумўи низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва таъминоти иҷтимоии миллат саҳм гузорад. Танқид гарчанде талх бошад ҳам, он муҳаррики ошкорбаёнӣ ва табодули назар аст. Ба ҳама зуҳурот аз назари танқид нигоҳ кардан худ омилест, ки касро аз хато зоҳир кардан пешгирӣ мекунад. Ҷомеа низ аз тафаккури танқидии шаҳрвандон фоида мебинад.

Тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ. Таҳаммул ва тоқатпазирӣ аз эҳтироми ақидаи дигарон ба миён меояд. Шахс бояд бо ҳамсўҳбат ва мунаққиди худ тоқатпазир бошад. Ба сухани дигарон, ки аз ақидаи ў фарқ мекунад, ботаҳаммул гўш дода тавонад. Тоқатпазир будан яке аз сифатҳои мусбати муносибати башардўстона доштан ба шаҳрванд ва омили асосии пешгирӣ кардани низоъҳои эҳтимолии дар байни шаҳрвандон ба амалоянда мебошад.

Агар шаҳрванд тоқатпазир ва ботаҳаммул тарбия ёфта бошад, пас ҷомеа низ дар дигарақидагию бисёрақидагӣ нисбати ҳамдигар ва давлат нисбати шаҳрвандоне, ки онро танқид мекунанд, тоқатпазир аст. Тоқатпазир будан омили муҳиму самарабахши гуфтушунид, мулоқот, муқолама ва музокирот мебошад. Тоқатпазирӣ нишонаи муҳими фарҳанги баланди муколамаи байни одамон ва одамону давлат мебошад. Ҷамеаи демократӣ ба тоқатпазир ва ботаҳаммул будани шаҳрвандон эҳтиёҷи калон дорад ва онро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа меҳисобад.

Тарбияи масъулиятшиносӣ. Масъулиятшиносӣ аз ҷумлаи сифатҳои муҳими шаҳрванд мебошад. Шахси масъулиятшинос вазифаҳои худро дар мактаб, оила, ҷойи кор ва маҳали зист хуб иҷро карда, сабабгори пешрафти оромии муҳити зиндагӣ ва кор мешавад. Шаҳрванди масъулиятшинос фонди тиллоии ҳар як ҷомеаро ташкил менамояд. Ў дорои виҷдони пок, шаъну шараф, нангу номус ва сифатҳои дигари миллист. Шаҳрванди масъулиятшинос вазифаю ўҳдадориҳои худро дар сатҳи баланди сифатӣ ва касбӣ иҷро менамояд.

Тарбияи масъулиятшиносӣ аз оила ва кўдакистону мактаб оѓоз ёфта, он дар овони калонсолӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрванд таҳким меёбад.

Тарбияи ҳаёти солим. Барои шаҳрванд имрўз муҳим аст донад, ки истеъмоли маводи мухадир, майпарастӣ, паҳншавии касалии СПИД барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи чаҳонӣ хатарнок аст. Шаҳрванд дар муҳити зиндагии истеъмолкунандагони маводи мухадиру майпарастон ва гирифтори касалии СПИД умр ба сар мебарад. Шаҳрванди пайрави зиндагии солим на танҳо аз зуҳуроти манфии ба саломатии ў зараровар канорагирӣ мекунад, балки ба солим гардонидани бадан ва зиндагии худ омилҳои зиёдро истифода мебарад. Ў аз истеъмоли маводи мухадир, нўшокии мадҳушкунанда канорагирӣ мекунад ва ба ин васила дар солим нигоҳ доштани муҳити зист фаъолона иштирок менамояд ва ба зиндагии солим камар мебандад. Ҳаёти солим бо аҳли оила мунтазам сайри табиат рафтан, дар боѓҳои фароѓатӣ истироҳат кардан, барномаҳои сирк, театру дастаҳои мусиқию овозхонҳоро тамошо кардан, китобҳои бадеӣ хондан, ба тамошои мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ рафтан, ба корҳои эҷодӣ ва тарбияи бадан машѓул буданро тақозо менамояд

 

  1. V. Марҳилаҳои тарбия

Марҳилаи аввали тарбия аз оила оѓоз меёбад. Фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомўзанд ва онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аз мафҳумҳои нахустини деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ѓайра бохабар мешаванд. Бо ҳамдигар ва ё хешу табор ва одамони дигар муомила карданро аз бар менамоянд. Волидон фарзандонро ба навозишу меҳрубонӣ ба тарбия фаро мегиранд. Кўдакон аввалин донишҳоро дар бораи муҳити зиндагӣ, Ватан ва мактаб аз онҳо ба даст меоранд.

Марҳилаи дуввуми тарбия муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд.

Марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад. Тарбияи хонандагон аз рўи маводи дар китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию манбаъҳо, аёнияти таълим сурат мегирад, ки он то як дараҷа низоми педагогӣ дорад. Дар ин муассисаҳо ба тарбияи миллӣ мутахассис –омўзгору устодон машѓуланд. Бо хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ сифатҳои миллии насли наврас асосан ташаккул меёбанд ва онҳо қисман ба ақидаю ҷаҳонбинӣ мубаддал мегарданд.

Марҳилаи чаҳоруми тарбия ба таёрии касбии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад

Дар марҳилаҳои минбаъда тарбияи инсон дар муҳити корхонаву муассисҳо ва ташкилотҳо, ки инсон ба фаъолияти касбию меҳнатӣ сару кор мегирад, сурат мегирад.

 

  1. VI. Роҳҳо ва заминаҳои амалӣ гардидани Консепсия

Замина ва роҳҳои амалӣ гаштани Консепсия аз инҳо иборатанд:

Заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ

-таҳияи қонун, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тарбияи миллии шаҳрвандони кишвар;

-тавсеа намудани мақоми забони миллӣ;

-истифодаи рамзҳои давлатӣ ва миллӣ дар тарбияи шаҳрвандон;

-баланд бардоштани масъулияти падарону модарон барои тарбия ва саломатии фарзандон;

-таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муздиҳии муосир ба кормандоне, ки ба кори тарбия машѓуланд;

-таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди тарбияи шаҳрвандон нигаронида шудаанд.

 

Заминаҳои маънавию иттилоотӣ

Тарбияи шаҳрванд бе таъмин намудани ахбори нисбатан васеъ, имконнопазир аст. Манбаъҳои ахбор, ки моҳияти ѓоявию маънавӣ доранд аз инҳо иборатанд:

-мероси таърихию фарҳангии ниёгон, ки хотираи таърихии халқро ташкил менамояд;

-арзишҳои динӣ, ки яке аз қисматҳои фарҳанг мебошанд;

-урфу одат, анъанаҳо ва тарзи зиндагии миллат, ки дар онҳо хусусиятҳои миллии мардуми кишвар инъикос ёфтаанд;

-стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон;

-Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълиму тарбия барои ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия;

-барномаҳои радио, телевизион ва маводи шабакаи ҷаҳонии «Интернет»;

-маводи чопии воситаҳои ахбори умум;

-нутқу гузоришҳои Президенти Тоҷикистон;

-фаъолияти сиёсии роҳбарони вазорату идораҳо ва арбобони намоёни илму фарҳанг;

-фаъолияти тоҷирон, ки ҳамчун манбаъ барои тарбияи насли ҷавон мавриди истифода қарор мегирад;

-арзишҳои маънавию ахлоқии миллӣ ва умумибашарӣ.

 

Заминаҳои ташкилӣ

-таҳияи тадбирҳои давлатӣ оид ба тарбияи миллии мардум;

ба роҳ мондани робитаҳои иттилоотии байни вилоятҳо, минтақаҳо, ноҳияҳо;

-бунёди роҳҳо ва ба роҳ мондани рушди муносибатҳои иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ миёни минтақаҳои гуногуни мамлакат;

-бунёди шабакаҳои радио ва телевизон дар тамоми нуқтаҳои аҳолинишини кишвар;

— муҳайё намудани шароити беҳтар барои ба роҳ мондани таълиму тарбияи якҷояи ҷавонони минтақаҳои гуногун дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе;

-дуруст ва самаранок ташкил намудани тарбия дар сафҳои Артиши миллӣ;

-эҳё ва барқарор намудани китобхонаҳо ва фаъолияти онҳо, махсусан китобхонаҳои назди муассисаҳои таълимӣ, сохтани ҳавзҳои шиноварию майдончаҳои варзишӣ, осорхонаҳои мактабӣ;

-гузаронидани тадбирҳои тиббии «Тани солим, рўҳи солим» доир ба ҳифзи саломатии мардум ;

-ташкили муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ки бештар ба таҳқиқи масъалаҳои тарбия машѓул мешаванд.

 

VII.Натиҷаи Консепсия

Татбиқи амалии Консепсия имконият медиҳад, ки масъалаҳои зерин ҳалли худро ёбанд:

  1. Заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии масъалаи тарбия дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии нав такмил меёбанд.

2.Дар ҷумҳурӣ тарбияи миллии мардум бори аввал ба таври консепсионӣ гузошта мешавад, дарк ва ифтихори миллии шаҳрвандон аз хурд то бузург боло мегирад, афкори умум ба амал меояд.

3.Оммаи васеи халқ ба қадру қимати арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рамзҳои давлатию миллӣ мерасанд ва дар натиҷаи омўхтан, дидан ва мушоҳида кардан хотираи таърихии худро ѓанӣ мегардонанд, маърифату ахлоқи шаҳрвандон сифатан боло меравад.

4.Мардуми тоҷик, ки асрҳо зери зулм ва таъсири бегонагон қарор доштанд, моҳияти давлати миллии худро дарк мекунанд ва барои ҳифз, ободӣ ва шукуфоии Ватани худ мекўшанд, ба қадри забони модарӣ, адабиёт, таърих, анъана ва расму оинҳои мусбати худ мерасанд.

5.Ҳамгироии тарбия бо таълим боз ҳам устувор гардида, инсон ва мақоми он дар ҷомеа боло мегирад.

6.Дар натиҷаи ҳамкории доимии муассисаҳои таълим бо волидон тарбия дар оилаҳо тадриҷан ба пояи касбӣ мерасад.

7.Тарбияи ҳамдигарфаҳмӣ ва тоқатпазирӣ (толерантност) муомила бо техникаю технологияи иттилоотӣ ба наслҳои ҷавон имконият медиҳад, ки дар муносибат бо халқу миллатҳои дигар, намуна будани худро нишон диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мавқеъ пайдо намоянд.

8.Дар соҳаи педагогика кадрҳои илмӣ рўйи кор меоянд, мавзўъ ва масъалаҳои муҳими тарбия таҳқиқ мегарданд. Дар муассисаҳои тарбиявии фориѓ аз дарсу мактаб ва инчунин кўдакистонҳо кадрҳои касбӣ ворид мегарданд.

9.Ҳар як шахс мефаҳмад, ки ниёгони мо дар хазинаи тамаддуни башар ҳиссаи муайян гузоштаанд ва дарк мекунад, ки рисолати таърихӣ аз он иборат аст, ки ҳамин ҳиссагузорӣ дар замони муосир ҳам бояд биафзояд.