КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ДОНИШГОҲ

яке аз беҳтарин марказҳои маърифатӣ дар Вахшонзамин маҳсуб мегардад. Коллеҷи омӯзгорӣ то соли 1999 бо номи омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ амал менамуд Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ мувофиқи қарори Шӯрои Комиссариати Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 26 ноябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Он дар аввал танҳо як шуъба–шуъбаи махсуси муаллимтайёркунӣ дошт. Соли 1936 нахустин бор донишҷӯён омӯзишгоҳро хатм карданд, ки теъдоди онҳо 115 нафар буда, ба мактабҳои навташкили вилоятамон ба кор фиристода шуданд. Соли 1957 омӯзишгоҳ ба омӯзишгоҳи махсуси техникии рақами 13-и ноҳияи Бохтар, ки ҳоло он ҷо қисми ҳарбии ба номи Файзалӣ Саидов ҷойгир шудааст, интиқол дода мешавад. Дар ин омӯзишгоҳ мактаби механизаторон созмон меёбад.
Танҳо соли 1963 омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ аз нав дар ҷой ва мақоми пештарааш барқарор карда мешавад. Устодони донишгоҳ ифтихор менамоянд, ки беҳтарин мутахассисони соҳаи таълиму тарбия-доктори илмҳои педагогӣ, академик, собиқ президенти Академияи педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев Эргаш Ямоқов, номзади илми иқтисод, дотсенти факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Сиддиқа Холиқова, шоир Зариф Ибод хатмкардаи омӯзишгоҳи онҳоянд. Ифтихор менамоянд, ки як вақтҳо шоир Ғаффор Мирзо дар омӯзишгоҳи онҳо муаллим буд.
Омӯзишгоҳ дар давоми мавҷудияти худ сарварони зиёдеро дидааст. Аввалин роҳбари омӯзишгоҳ омӯзгори асил ва инсони комил Тағоев Ҷумъа буд. Баъдтар ба омӯзишгоҳ Маҳкамов Юнус, Холов Бобоҷон, Баротов Убайдулло, Алимов Искандар, Шарифхоҷаев Мирзохӯҷа, Тоҳиров Зиёратшоҳ Шарифович ва Юсупова Зарина сарварӣ кардаанд. Ҳоло зимоми роҳбарии коллеҷ ба дасти Абдураҳимова Бибишамсия Саидовна қарор дорад.
Махсусан дар пешрафт ва ободонии омӯзишгоҳ нақши шодравон Бобоҷон Холов хеле калон аст. Ӯ дар давоми 30 соли ба омӯзишгоҳ сарварӣ карданаш тавонист, ки ин маркази маърифатро ба мардум аз наздик муаррифӣ намояд. Б. Холов собиқадори меҳнат ва маориф, дорандаи нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон буд. Бобоҷон Холов соли 1993 баъди бемории вазнин аз дунё чашм пӯшид. Ёди ин марди асил, роҳбари дилогоҳ, дилсӯз, хоксор ва дар кор ниҳоят сахтгир дар хотири дӯстон, ҳамкорон ҳамеша боқист.
Дар омӯзишгоҳ гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакӣ амал менамуд, ки ҳамаи онҳо аҳлу тифоқ таҳсил менамуданд. Дар омӯзишгоҳ 11 миллату халқият таҳсилу кор мекарданд.
Омӯзишгоҳ аз ду иморати дуошёна, як иморати якошёна, ошхона, хобгоҳи сеошёна ва хобгоҳ барои муаллимон иборат аз 30 ҷой бо тамоми шароитҳояш бино шуда буд. Майдончаҳои варзишии футбол, баскетбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш қалби бинандаро ба хурӯш меовард. Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишӣ ҳамеша пешсаф буданд. Махсусан китобхонаи омӯзишгоҳ бо теъдоди зиёди адабиёташ фарқ мекунад. Китобхона дорои 19000 адад китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тиббӣ ва техникии бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбакӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ таълифгардида мебошад.
Омӯзишгоҳ бо гузашти айём табдили ном кард. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 таҳти №262 ва дар асоси фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 1999 таҳти № 410 омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав табдил дода шуд. Коллеҷи омӯзгорӣ мувофиқи нақшаи таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми ҶТ кор бурда, аз рӯйи панҷ ихтисос мутахассис тайёр менамояд. Дар шуъбаи рӯзона ихтисосмандони 021700-филологияи тоҷик, 021700-забони англисӣ, 031200-усули таҳсилоти ибтидоӣ, 020700-таърих, 010100-математика ва дар шуъбаи ғоибона мутахассисони филологияи тоҷик, усули таълими ибтидоӣ ва таърих таҳсил мекунанд.
Устодони коллеҷи омӯзгорӣ ифтихор менамоянд, ки онҳо муҳандисони рӯҳи инсон- омӯзгоронро таълим дода, ба воя мерасонанд, чунки халқи мо ба устод-муаллим эҳтирому муҳаббати махсус дошта, ӯро аз ҳама боло медонанд. Дар ҳақиқат, дар рӯзгори мо муаллим нақши хосаеро дорад, зеро маҳз бо саъю кӯшиши устодон инсон соҳиби илму фазилат ва мақому манзалат мегардад. Баъд аз он ки тифл аз домони биҳиштосои модар фориғ мегардад, ӯ дар оғӯши меҳрбори дабистон ва устодон камол меёбад. Ба ин маънӣ муаллим чароғи маърифат, оина ва оинадори рӯзгори ҳар инсон аст. Пас, мебояд кӯшид, ки ин чароғи роҳи фардои миллат ҳамеша дурахшону нурафшон бошад, то ин ки ҷомеаи моро бо роҳи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва маърифат ҳидоят намояд. Имрӯз ҷомеа ба заҳмати бештари шарафмандонаи устодон дар кори тарбияи шогирдони босавод, ҷойгирони сазовор ниёз дорад, чунки маҳз тавассути фаъолияти бемайлони устодон сатҳи маънавиёти мардум баланд ва саодати ҳамешагӣ насиби шаҳрвандони меҳнатқарини Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар иҷрои чунин амали хайр устодони коллеҷи омӯзгорӣ низ барканор нестанд. То соли 2006 дар коллеҷ 30 нафар устодон ба тарбияи донишҷӯён камари ҳиммат баста буданд. Аз инҳо 15 нафарашон устодони доимӣ ҳисоб мешуданд. Ҳамчунин 15 нафар устодони донишгоҳ низ дар коллеҷ ба ҳайси ҳамкор фаъолият менамуданд. Абдукибор Гадозода–профессор, доктори илми таърих, Ҷумъа Шарифов–профессор, доктори илми педагогика, Ҳасани Муродиён- профессор, доктори илмҳои филологӣ, Сатторов А.Э.,доктори илми педагогика, профессор ва дигарон дар корҳои таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ баробари устодони доимии коллеҷ заҳмат мекашанд.
Дар пешравии кори коллеҷ саҳми собиқ директори он Искандар Алимов хеле калон буд. Маҳз бо кӯшишу ғайрати он кас коллеҷ, ки бар асари муноқишаҳои сиёсӣ валангор шуда буд, аз нав таъмиру тармим гардид. Донишҷӯёни эҳтиёҷмандро роҳбари ғамхор бо хобгоҳ таъмин намуд. Дар соли 2002-юм се синфхонаи иловагӣ бино намуда, ба истифода доданд, ки яке аз онҳо махсус синфхонаи компутарист. Алимов И. дар тӯли фаъолияти роҳбариаш дар коллеҷ дигаргуниҳои куллӣ ворид намуд.