РӮЗНОМАИ «ФУРӮҒ»

Шумораи нахустини рӯзномаи «Фурӯғ» 1 сентябри соли 2000, ҳамчун нашрияи Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардида буд.

Нашрияи «Фурӯғ» ба фазои матбуоти тоҷик бо нигоҳи хоси худ ворид шуд. Вақте ин нашрия арзи ҳастӣ намуд, дар фаъолияти раёсати донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он гӯё таҳавулоти куллӣ ба амал омад. Ҳафтанома ба қавле, танзимгари амали ҳар як корманди муассиса ва оинаи фаъолияти онҳо гардид. Инчунин, нашрия дар баррасии масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, фарҳанг ва адабиёт ҳамаҷониба саҳми арзанда гузошт. Бахусус, мубоҳисаҳои илмию адабие, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии хонандагон қарор доштанд.

Рӯзноманигорони вақт Рустами Хомарахш, Саодат Назарова, Қудратулло Наимов, Ҷамолиддини Сайфиддин, Файзимад Авлонов, Муҳаббат Маҳмадалиева, Нигора Толибова, Мавзуна Каримова, Аловиддин Риёев, суратгир В. Стеченсев ва дигарон аз зумраи эҷодкороне буданд, ки бо сарварии муҳаррир Абубакр Чориев дар тавлиди шумораи аввалин ва шумораҳои минбаъдаи ин нашрияи соҳавӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Маҳз навиштаҳои онҳо саҳифаҳои рӯзномаро рангину ҷолиб месохт ва ин боис мегашт, ки самтҳои фаъолияти донишгоҳ ба таври васеъ инъикос ёбад, робитаи бевоситаву бемонеа миёни устодону донишҷӯён ва кормандони ёрирасони донишгоҳ, ибрози озодонаи андешаву ақида дар доираи қонун дар бораи матбуот барқарор гардад.

«Фурӯғ» аз нашрияҳои соҳавие маҳсуб меёбад, ки суроғаи электронии нашрия бо номи «furugh2000» фаъол буда, ҳар ҳафта беш аз 50-60 навиштаи омӯзгорону донишҷӯён тавассути он ба ҳафтанома ворид мегардад.

Воқеан, дар идораи рӯзнома муҳити солими эҷодӣ ҳукмфармост. Маҳз бо ёриву дастгирии роҳбарияти ДДБ ба номи Носири Хусрав барои кормандони нашрия шароити созгори корӣ фароҳам гардидааст, ки ин тадбир албатта, ба самарабахштар шудани фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷолибтар гардидани матолиби рӯзнома мусоидат намуда истодааст.

Теъдоди нашри ҳафтанома баъди ба эътидол омадани вазъи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Агар соли 2001 теъдоди обуна 2700 нусхаро ташкил диҳад, дар соли 2023 теъдоди обуна ба 9600 ҳазор нусха расид.

Бояд иброз намоем, ки рӯзномаи “Фурӯғ” сол аз сол ҳам аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи ороишу ҷобаҷогузории мавод ҷолибу рангин мегардад, ки инро мо дар нав шудани рубрикаҳои он мушоҳида мекунем. Дар саҳифаҳои рӯзнома як қатор рубрикаҳо, аз қабили “Дар партави Паём”, “Масири дӯстӣ”, “Амнияти миллӣ”, “Ватандорӣ”, “Рисолат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ”, “Тарбия”, “Мушкилот”, “Варзиш”, “Нуқтаи назар”, “Забондонӣ”, “Мулоқот”, “Ҳамоиш”, “Андарзи бузургон” таъсис дода шуданд, ки фарогири мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ буданд.

Дар шароити имрӯза тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ ва дурӣ ҷустан аз ҷараёнҳои хатарноки тундгарои динӣ мавқеи асосиро касб кардааст. Ба ин масъалаҳо нашрияи «Фурӯғ» бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, навиштаҳои арзишманду пурмуҳтаворо зери рубрикаи «Амнияти миллӣ» ба нашр мерасонад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки имрӯз саҳифаҳои рӯзномаи «Фурӯғ» ба майдони суханпардозии устодону шогирдони донишгоҳ ва берун аз он, ки мавзӯъҳои мубрами ҳаёту рӯзгори эшонро дар бар мегирад мубаддал гаштааст.