ШУЪБАИ ДУЮМ ДОИР БА КОРҲОИ САФАРБАРӢ дар бақайдгирӣ, назорат ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён саҳми шуъбаи дуюми донишгоҳ хеле бузург аст. Аз рӯзи таъсисёбиаш то ҳозир дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои сафарбарии донишгоҳ Раҷабов Саидҷон Усмонович кор мекунад. Раҷабов С.У. ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар ҷавонписарро саривақт ба қайд гирад ва ҳар шаш моҳ як бор оид ба таҳсили онҳо маълумотнома пешниҳод намояд. Дар масъалаи аз назорати тиббӣ гузаронидани ҷавонписарон, саривақт хабар додан оид ба ҷавонписароне,ки аз сафи донишҷӯён хориҷ шудаанд, саҳми Раҷабов С.У. хеле чашмгир аст. Раҷабов С.У. хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф зиёда аз 35 сол боз дар донишгоҳ кор мекунад ва аз ин лиҳоз яке аз собиқадорони меҳнат дар донишгоҳ ва яке аз нахустин ободкунандагони таълимгоҳ аст. Меҳнати ҳалол ва софдилонаи Раҷабов Саидҷон бо чандин раҳматнома ва ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ ва Вазорати маорифи ҶТ қадр шудааст.