Шукурзод Ҷамшед Абдуалим

Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Тел:884-24-02-02

           Шукурзод Ҷамшед Абдуалим  (тав. 20. 01. 1972, н. Восеъ), номзади илмҳои педагогӣ (2006). Аълочии маорифиТоҷикистон (2010). Хатмкардаи Институти педагогии ш. Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) (1994).

Ассистенти «Кафедраи забон»(1994–1997), роҳбари таҷрибаомӯзии факултетҳои гуманитарии  (2002–2005), ҷонишини сардори шуъбаи таълим (2005–2007), сардори шуъбаи назорати сифати таълими (2007), декани факултети таърих ва омӯзгори шӯъбаи ғоибона (2007–2009), муовини директори маркази таҳсилоти ғоибона оид ба ихтисосҳои гуманитарӣ (2009–2015), декани факултети педагогика ва варзиш(2015–2020) ва аз соли 2020 мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Муаллифи 22 мақолаи илмӣ ва методӣ перомуни масоили забон ва методикаи таълим.

            ШУЪБАИ КАДРҲО

соли 1978 дар заминаи Филиали Институти давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Бохтар таъсис дода шуда, шахсони зерин кору фаъолият кардаанд: сардони шуъбаи кадрҳо Тӯйчиева Турсуной Таджиевна (1978 -1993), мудири дафтардорӣ Ҷӯраева Мавлуда (1994 – 2001), мудири дафтардорӣ Бобоева Зуҳро Насриддиновна (1978-1992), нозир Нарзуллоева Салима, (1979 -1992), нозир Соатова Зоя (1980-1993).
Дар вазифаҳои сардори шуъбаи кадрҳо Қосимова Этибор (1993-2004), Саидова Сабина (2004-2005), Наврузов Файзиддин (2005-2006), сарнозири шуъбаи кадрҳо Абдуллоева Бибирайҳон Давлатовна (2005-2007), Хоҷаев Амрохон (2006-2007), Кенҷаев Ғуломалӣ (2007-2008), Абдуллоева Саноатхоним Шарифовна (2008- 2010), Шарипов Шарифхон Холович (2010- 2011) кору фаъолият намудаанд.
Аз соли 2011 то ҳол сардори шуъбаи кадрҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав Амиршоев Атохоҷа Абдулҳайевич мебошад.
Дар вазифаи сарнозири шуъбаи кадрҳо (2012 то ҳол), нозири шуъбаи кадрҳо Камолова Моҳира (2006-2012), Диёмина Нина Викторовна (2008-2010), Нажмиддинов Муслиҳиддин (2015 то ҳол) кору фаъолият намудаанд.
Дар пешрафти фаъолияти кори шуъбаи кадрҳои донишгоҳ ҳиссаи собиқ кормандони шуъба Одинаева Моҳрӯ, Нурализода Наргис, Қуйбағарова Сановбар, Аюбов Абдураҳмон, Раҳматова Ҳанифа, Раҷабов Саидҷон хеле калон аст.