МУМИНОВ Асатуло Холмуродович

Директори литсейии ДДБ ба номи Носири Хусрав

аз 7 апрели соли 2020 дар вазифаи директори литсейи

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад.

 

 

 

Маълумоти умумӣ доир ба литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти №10 аз 30.05.2000 сол ва бо назардошти фикру дархостҳои шаҳрвандон таъсис дода шудааст.
Литсей оинномаро дар таҳрири нав қабул намуда, ҳуқуққабулкунандаи гимназия-литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки 29.08.2000 сол таҳти №6 Р -123 дар идораи нотариалии давлатии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, мебошад.
Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар мувофиқи қарори шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, идораи давлатии аттестатсионӣ аз 1.05.2001 сол дар бораи тағйир додани номи гимназия-литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар гимназия номида шавад. Дар асоси қарори Идораи давлатии аттестатсионии Шӯрои омӯзгорон бо протоколи №7 Шӯрои омӯзгорони гимназия аз 2.06.2003 сол низ чунин қарор қабул кард. Минбад дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо номи таълимгоҳ гимназияи Донишгоҳ сабт мегардад.Гимназия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Хатлон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи гимназия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф ва Оиномаи мазкур ба роҳ мемонад.
Литсей ҷузъи ҷудонашавандаи Донишгоҳи давлатии Бохтар мебошад ва дар фаъолияташ бо тартиботи дохилии ҷоришудаи он риоя мекунад.
Дар литсей 23 нафар омӯзгор ко рва фаъолият менамоянд, ки аз он ҷумла ҳамаи онҳо маълумоти оли доранд ва дорои тахассусҳои зерин:
– тахассуси дараҷаи олӣ 18 нафар,
– тахассуси дараҷаи якум 2 нафар,
– тахассуси драҷаи дуюм 2 нафар,
– бе тахассус як нафар мебошад.
Суроғаи гимназия шаҳри Бохтар, кӯчаи Айн67 мебошад.
Муассисаи он Донишгоҳи давлатии Бохтар мебошад.